Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
писари амакаш видоъ мекард, дар ҳузури ҳама ба Аҳмад супориш дод, ки:
— Ту ҳанӯз ҷавонӣ ва дар идора кардани умури вилоят аз Абулаббос Абдуллоҳ, ки “марде боақлу қиёсат ва фазлу диросат ва сирате ҳасана” ҳастанд, дастур бигир, ва дар ҳар амре аз ишон итоат намой!
Вале ин насиҳати падар ба иззати нафсаш расида буд ва ин боис гардид ки боқии умр бо ӯ хусумат варзад ва ӯро аз худхоҳиву баландназарӣ, ки хоси хӯи ҷавонист, нодида бигирад.
— Дар ёд бидор, ки худованди таоло ин амирӣ бар ту рӯзӣ гардонд ва ҳукм бар бандагони худо рондан басо саъб асту масъулиятдор. Корест хатарнок. Бояд ки амир худойтарс бошаду порсо, то бандагони худо аз ӯ пуштибонии хешро ёбанд. Дар акси ҳол чунин амирро дар байни раоёи кишвар ҳурмату эҳтиром набушад ва ҳеҷ касе бар ӯ эътимод накунад. Ва дар садади он бош ки ононро бо адлу доду диҳиш бар хеш мушфику меҳрубон гардонӣ, то рӯзе мушкиле ба сарат ояд, онҳо ба тарафдорит бархезанд. Ин фазилатро метавон фақат аз роҳи илму донишу хирад ҳосил намуд. Дӯстдори илм бошу мардони хирадманд. Бо фақеҳон мадоро кун, ки сухани ишон миёни мардум коргар афтад. Дар кори мазҳабиву фирқаҳо даҳолат макун, ҷуз аз роҳи машварат...
Амир Исмоил то ба роҳ баромадан фарзандро насиҳат медоду зинҳор. Ва аз Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммад такозо намуд, ки мувозиби фарзандаш бошад: Ҳар чӣ ройгон ба даст меояд, ройгон ба бод меравад! Мо на барои он сохтаем, ки ишон вайрон кунанд. Дар эъмори ин бино умри наслҳо сарф шудааст. Мо бояд ба гузаштаву ояндаи кори хеш масъул бошем... Ман ҳам мехоҳам бедарди сар, қонеъ ба обу ноне ва ба мисли ҳама аз як зиндагонии хусусӣ бархурдор бошам. Боваркарданӣ нест, вале ман баъзан аз як дарвеши бесарупое ҳасад мебарам. Хушо ба ҳоли ононе ки фақат масъули худ ҳастанд... Замони ифтироқи мо ҳам расид...
Ашкашро пок мекунад. Ҳеҷ гоҳ фикр накарда буд, ки ҳамчунин рӯзе ёрони ҷавонӣ аз ҳам ҷудо мешаванд: яке ба Самарқанду дигаре ба Омул! Худо нигаҳдор!.. Ва ба аспи сафеди хеш маҳмез мезанад, ба суръати бод дур мешавад. Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммад бо дили шикаста то дер гоҳ ба ғубори таки аспи амир Исмоил менигарад. Воҳан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо