Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил механдад, дигарон аз ӯ пайравӣ мекунанд. Ҳамӯя ибни Алӣ боз хашминтар мешавад.

Ҳамӯя: Ман мазоҳ намегӯям!

Амир Исмоил: Пас хӯйи хиёнат кардан аз касрати чист?

Ҳамӯя: Аз касрати гаррагӣ... аз касрати дарки Озод бу-дан, худрой будан...

Амир Исмоил: Пас ин хӯй низ бад аст. Ин хӯй тафрика-ву таҷзия шудан меоварад, ки самарааш бардагӣ хоҳад буд! Ин ҳис аз касрати нодонист! Бехабарист! Ноогоҳист! Ҷаҳолат аст!

Амир Исмоил низ хашмин мешавад. Якбора ҳама ба чех-ра никоби ҷиддият мекашанд.

Амир Исмоил: То ба хашм омадан, ҳиммат гуморед, мадрасаҳо кушоед, ҳар шаҳристони ин кишварро Бағдод созед. Чаро аз он ки мардум бесавод мемонанд ба хашм намеоед? Таҳсили илму маърифат, бояд маҷбурӣ бошад. Ҳама Муҳаммади Розӣ нест! Дигаронро иҷборан тарбият мебояд кард! Он гоҳ аст ки хашмин шудани шуморо аз як амали ношоист метавон ҳамчун як амри мусаллам пазируфт. Дар акси ҳол ҳар гуна вокуниш боиси ханда аст! Аввал мебояд мадраса сохт ва аз он пас масҷид! Ба масҷид касе меравад ки худро ӯшинохта бошад. Худшиносӣ ба илм муяссар мегардад. Мӯъмини худогоҳ худошинос аст, худотарс аст. Худошиносӣ аз роҳи инфиродӣ ҳосил мегардад. Хушбахтона соҳиби китобу коғаз ҳам ҳастем. Ин масъулият аст! Масъулияти бо ҳама чизро доштан худро ба кадом сурат мешиносонем!.. Китобхонаҳои мо пур аз китоб аст. Аъроб натавонистанд ҷумла китоби моро ба коми обу оташ андозанд. Ин амали зишту худобехабарона буд. Вақте ки ба он ниёзманд шуданд, дигар дер шуда буд, дигар пушаймон шуда буданд. Умавиҳо ҳар чанд тафриқа андохтанду моро хор шуморданд боз бе мо будан натавонистанд. Ин китобҳо бояд самар бахшанд, мағзҳои китобзой бизоянд. Дар ин сафар кӣ китобхонаи Марвро дид? Ҳеҷ кас! Ҳиммат гуморед, агар чунин ифтихоре доред, ба он ҷо толибилмонро фиристед, бо хазинаи худ эшонро тарбият кунед! Бо донистани ду-се ҳарф намешавад худоро шинохт, бо хондани фақат як китоб наметавон олим буд! Аҷиб он аст, ки дар ин китобхонаи бузург як мусулмон намеёбӣ. Ҳама габру зандику муғу тарсо! Фақат онҳо кохи илмро бо омӯзишу дониши хеш боло мебаранд... Бо як

пешина
аз 675
навбатӣ