Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Ташаббуҳу би ахлоқи оллоҳ ва дар ҳадис омадааст, ки ҳазрати расуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи васаллам, фармуданд: “Барангехта шудам, то ахлоқи олиуаро ба итмом расонам”. Мобақи мавзӯи тадқиқу омӯзиши фақеҳону олимон аст, на баҳси чунин маҷлисе. Валлоҳу аълам.
Ман сӯҳбати олимону фақеҳонро дӯст медорам ва вазифаи мост, ки барои онҳо як муҳити мувофиқро ба вуҷуд оварем, фарзандони диёрамонро, ки боиси ифтихори дигар марказҳои сиёсиву фарҳангӣ мебошанд, ба ватан баргардонем. Ақаллан як Мадинаи Фозиларо тарҳрезӣ намоем. Дар ин амр ман ба алоқаву робитаи шахсии ҳар кадоме аз шумоён умедвор ҳастам. Ва бо ин амали худ он шиори пештоқи Гунди Шопурро, ки аъроб бистурданд, ба ёд биёварем. Ва дар андешаи мардуми хеш ҳак бизанем. Агар хоҳед, онро ба ёдатон меоварам: “Шамшерҳои мо марзҳоро мекушоянд ва донишу фарҳанги мо дилҳорову андешаҳоро”. Мо бояд ин шукӯхро ба соҳибонаш баргардонем. Ва дар амалӣ шудани ин хоста бояд аз ҳеҷ чиз рӯйгардон набошем. Ин вазифаи шумост, ки дар рафтору пиндори мардум онро бирезед. Ҳеҷ чиз дар дунё ба монанди ақлу илм мӯҳтоҷи озодӣ нест. Мо ин озодиро барои шумо таъмин мекунем. Шумо фақат бояд амал кунед. Аз ҳамин лаҳза, аз ҳамин рӯз. Аллакай як соат баъд хеле дер аст. Бояд тамоми фарзандони ин диёр ба мадрасаҳо фаро хонда шаванд ва ба онҳо илм омӯзонда шаванд, то ки онҳо шоистаи ин хоку бум, ин халқу миллат ба воя расанд ва ибтикороти мову шуморо то ба ояндаҳои дур бирасонанд. Ин аз бузургтарин ҳадафи мост. Гумон мекунам, қавли пайғамбари худоро дар хусуси расолати илмиву фарҳангии мардуми эронӣ ба ёд доред. Ин ҳама моро барои чунин амали шоистае муаззаф месозад.
Абилҳафс: Ин ҳама корҳо сохта аз амнияти кишвар аст. Яъқуби Лайс дар Хуросон, туркҳои кофар дар шимоли кишвар оромиро аз байн бурдаанд.
Амир Исмоил: Таъмини амнияти кишвар вазифаи мост. Алҳол Яъқуби Лайс бо худ машғул аст. Мо аз ин фурсат бояд истифода барем ва бо душманони моливу ҷониямон дар шимол мубориза барем, онҳоро торумор кунем ва орзуи ин хиттаро аз сарашон барканем.
Абулҳафс: Мо дар сурате эмин мешавем, ки ононро ба дини Худо дароварем. Ғазавот кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё