Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
нашаванд. Ин равия озодиҳое медод. Вагарна хуруҷи Абумуслим бемаънӣ мебуд. Чаро сафедҷомагон бо роҳнамоии Ҳошим бинни Ҳаким хуруҷ карданд? Чӣ омиле онҳоро барангехт? Ин исёнҳо алайҳи чӣ буд? Алайҳи ҳамин мутташаббеҳ шудан! Ҳанӯз онҳо ба гузаштаҳои қавмии хеш пайванд доштанд. Виҷдони таърихияшон соҳирона ба ғафлат кашида нашуда буд. Вале имрӯз чӣ касоне худро ба дигаре шабеҳ месозанд? Абилҳафсҳову Исмоилҳо аз худ мегурезанд, худро ачулона инкор мекунанд, пайвандҳояшонро, ҳатто фитрати таърихиву иҷтимоӣ ва моҳиятҳои иҷтимоиву фарҳангияшонро китмон мекунанд ва бо таҳқири хеш аз хеш ба домони бегона мегурезанд, мекӯшанд, то бо фанои хеш дар ӯ, ки ба назарашон авзову акмал аст, ба бақо бирасанд. Ва ҳар чашмсиёҳу чашмӯйро, аз ҳар кӣ бо ӯ ҳамватану ҳамзод аст, афзалу аҳсан меёбанд ва сухани ӯро фазлулхитоб мебинанд ва рафоқат бо ӯро фахри худ ва тақлид аз ӯро камоли худ ва нақли қавли ӯро фазлу илми худ мешуморанд ва бо таҳқиру тамасхур ба мазҳабу суннат ва арзишҳо ва ҳасоили ҷомеаи хеш менигаранд ва ба ӯ мефаҳмонанд, ки “Ман истисноам, ман аз онҳо ба дурам, аз онҳо бурридаву бегонаам, ба шумо шабеҳам, мисли шумо мебинам, эҳсос мекунам, зиндагӣ мекунам”. Чӣ касе имрӯз дар ҷомеаи мо чунин аст? Он кӣ шабеҳ шудааст. Имрӯз ин шабеҳшудагон ба қудрат, ба сарват расидаанд. Балки онҳоро ҳамчун ибрати дигарон ба ин мартабаҳо расонидаанд. Ин бузургтарин хатар дар роҳи бақои миллат аст. Вақте як озода бегона ва фоқили фарҳанги хеш шуд, биниш ва эҳсосаш дигар қодир нест, ки арзишу зебоии қавмии хешро, таъриху фарҳанги хешро дарёбад. Қавми моро ба ҳамин марҳила расонидаанд. Яке аз мушаххасот ва мояи фахри як озода, ки ӯро аз аквоми ваҳшӣ ва бадавӣ мутамоиз месозад, доштани виҷдони таърихӣ ва маърифату ишқ ба суннати гузаштааш аст.
Балъамӣ: Он чӣ ки шумо мехоҳед, як инқилоби такомулӣ аст, на коло ё маҷмуае аз колоҳои содиротӣ, ин чиз як шаклу ранги хос надорад. Як гавҳар аст ва ҳақиқати мутаолӣ аст, ки инсон ба тадриҷ ба он комёб мешавад.
Амир Исмоил: Оре. Фарҳанги сиёсии гузаштагони мо мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки алорағми тазалзулу ноамнӣ ва ноустувории ҳукумати салтанатӣ метавон давоми миллат-ро таъмин кард. Вале масъала ин аст, ки чӣ гуна мешавад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё