Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гузорад. Мо бояд дар соҳили хеш бо вай ҷангем.

Амир Исмоил: Яъне бояд акси гуфтаи соҳибшуртаро кунем?

Афсар: Оре.

Амир Исмоил: Дӯстон, фаъол шавед. Маслиҳат андешаро тоза мекунад. Бифармоед... Пас ҳама ба ин рой розианд?... Бисёр хуб. Чаро гумон мекунед, ки метавон бо ин васила душманро мунҳазим сохт?!

Афсар: Аввалан, мо мавқеи мудофиавиро мегирем, дуввум ин, ки душман якбора ба интиқоли пурраи қувваҳояш имконият надорад. Мо метавонем муттасил онҳоро нобуд созем.

Амир Исмоил: Бисёр хуб... Дигар фикре нест? Бисёр хуб... Чаро гумон намекунед, ки имкони ғалаба ва шикаст дар роҳи шумо пешниҳод карда, яксон аст? Душманро заиф тасаввур кардан хатост ва ин андеша ба манфиати ӯ кор мекунад. Не, бародарон, бо ин тарз ҷангидан хатарнок ва серзаҳмат аст. Дигар ин, ки мо қудрати ҷангии сарбозони душманро намедонем. Саввум, лашкаре, ки қасди кишвари дигаре мекунад, аз ҳама ҷиҳат тайёрӣ мебинад, яъне пухтатар аст. Барои ҳамин ҳам бо душман ҳамеша бо роҳҳои барои вай ношинохтаву бегона бояд ҳарб намуд. Вале боиси таассуф аст, ки сардорони мо дар ин хусус фориғбол шудаанд, аз пажӯҳиш боз мондаанд. Бубахшед, ин фориғболӣ ва бедонишӣ моро ба сӯйи бардагӣ мебарад. Мо ҳамеша дар маърази ҷанг қарор дорем! Барои он, ки кишвари ободу сарватманди мо чашми ҳарису танги ҷаҳонхоронро ба худ ҷалб месозад, рашки онҳоро меангезад. Онҳо на танҳо аз кишвари мо, балки аз андешаи мо бадашон меояд. Чунки ҳеҷ кадоме надоранд. Мо абадан бояд сарбози кишвару андешаи хеш бошем! Халқе, ки андешаи тозаи худро надорад, бардаи дигарон аст. Барои дигарон зиндагӣ хоҳад кард. Ҳар чӣ ки мо дорем ва боиси хашму рашки дигарон шудааст, аз падарони хеш дорем. Мо мадюни ишон ҳастем. Худи мо кистем?! Бояд ба ишон сазовор буд ва сазовори ному кори ишон зиндагӣ кард...

... Лашкарро бояд се қисм кард: дар қалб бояд сарбозони Байканду Фароб, ки мавзеъро хуб медонанд, қарор гиранд ва ба ҷанги душман раванд, мобакӣ дар майманаву майсара пинҳон шаванд. Фавҷи қалб дар ҷанг ақибнишинӣ мекунад ва душманро бо роҳи биёбон ба ҷойи безиёъ мекашад.

пешина
аз 675
навбатӣ