Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Оре, шумо озодед! Метавонед ба диёри хеш баргарнед.

Ашк аз чашмони ишон ҷорист. Онҳо худро ҷониби амир Исмоил ба замин мепартоянду замини надомат бӯса мекунанд ва аз ҷой бархеста нобоворона, бо харос аз майдон ба дар мераванд. Амир Исмоил ба ҷодари худ бармегардад. Бузургони лашкар аз ӯ пайравӣ мекунанд ва ба ҷодари амир медароянд. Чеҳраи ишон гирифтааст, онҳо аз амали шоҳ розӣ нестанд.

Амир Исмоил: Мефаҳмам, шумо аз амали ман розӣ нестед. Вале шумо ҳам бояд бифаҳмед, ки чаро амири шумо ба чунин амале даст зад. Онҳо то зиндаанд, дигар бар сари шумо шамшер нахоҳанд бардошт ва ба дигарон ҳам иҷозаи чунин кореро нахоҳанд дод. Биравед, лашкарро барои бозгашт омода созед. Ба Бухоро бармегардем.

Хусаини Аъло: Сарбозони сарҳадбон талафоти зиёди ҷонӣ ёфтаанд ва бо ин иддаи калил намешавад марзҳоро посбонӣ кард.

Амир Исмоил: То аз Самарканд омадани сарбозони ҳукуматӣ вазифаи мост, ки ҷойи онҳоро пур кунем. Ба ин хотир қисмҳои Байканду Фароб барои адои ин вазифа инҷо бимонанд... Ба сарҳадбонон бифаҳмонед, ки асиронро дар роҳ азоб надиҳанд.

Хусаини Аъло: Ба чашм...

Ҳама аз паси иҷрои вазифаи худ аз ҷодари амир Исмоил берун мераванд. Амир Исмоил бо бародараш Абузакриё танҳо мемонад ва онҳо дар чашмони ҳамдигар хира мешаванд. Ҳарду хастаанд...

Кадхудо ба ҷодари амир Исмоил хӯрок меорад. Онҳо хомӯшона хӯрок мехӯранд.

Амир Исмоил: Бағнӣ! Шароби талх мехоҳад дилам... Абузакриё бо чашмони боз ва ҳайрат ба амир менигарад.

Амир Исмоил: Хеле хаста ҳастем. Ва боз роҳи дуру дарозе дар пеш дорем. Зарар надорад...

Кадхудо баромада меравад. Амир Исмоил лабханд мезанад...

БУХОРО

Аҳли Бухоро амири музаффари худро бо шодмонӣ пешвоз мегиранд. Шаҳр дар либоси идона оро ёфтааст. Аз ҳар

пешина
аз 675
навбатӣ