Зеҳн
Байтал

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, барои хонандагони наврас пешбинӣ шудааст. Он дорои ҳикояҳову қиссаҳо оид ба табиат ва олами ҳайвонот мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГОВИ ЯКРАВ

Баъди марги холаи Раҳима модагов яку якбора дигар шуд. Бовар кунед бачаҳои азиз, охир ман пештар медидам, ки гови пир чӣ гуна орому осуда буд. Дар рӯи ҳавлӣ, алафро кавша карда, лаҳзае аз соҳибаш холаи Раҳима ҷудоӣ надошт.

Кампир ҳам онро медӯшиду ҳам обу алафаш медод. Модагов ба ғайр аз холаи Раҳима дигар касеро наздикаш намемонд.

Як ҳафта боз гов безобита, қарангу қаҳролуд аст. Гоҳе ба ёди соҳиби бовафояш баоси боаламе намуда, ба замин пой мекубад. Гӯсолаи хурдсолашро низ хаёле фаромӯш кардааст. Коҳу об ҳам намехӯрд. Якравии модагов ҳеҷ тамом намешуд. Баъди як-ду рӯзи дигар гӯсолашро низ роҳ намедодагӣ шуд. Акнун макондани гӯсолача ва дӯшидани модагов тамоман мушкил гашт.

Чанд маротиба ҳаққу ҳамсояҳо хостанд говро бо роҳи зӯрӣ мутеъ созанд. Лекин модагови пуртаҷриба дарав чизеро мефаҳмид, ки думашро хода карда чор тараф метохту гардан намефуровард.

Як рӯз соҳиби ҳавлӣ бо дӯстонаш нохост ба модагов ҳуҷум карда, ғайричашмдошт онро ба замин афтонда дасту пояшро маҳкам бастанд. Келини хона аз тарсу ваҳм ба модагов наздик нашуд. Барои он, ки шири гов ба замин нарезад, говдӯш лозим буд. Говдӯше, ки модагов ӯро роҳ диҳад. Ин дам яке аз духтари хурдии кампири Раҳима, ки чанде пеш ба шавҳар баромада буд, дар ҳавлӣ пайдо шуд. Бо дидани рӯи духтарак нигоҳи модагов дигар хел шуд. Акнун ҳайвон оҳиста-оҳиста нафас кашида, нигоҳи имдодҷӯёнаашро аз духтараки шинос намеканд.

Духтари раҳматӣ чизеро фаҳмид, ки омада говро дӯшид. Сатили пурширро ба гӯшае гузоштанд. Вақте ки банди пои говро кушоданд, ҳайвон орому осуда метофт. Аҷаб, вай назди гӯсолаш нарафт, балки пеши духтарак омад. Дастони ӯро лесида баос кард.

пешина
аз 7
навбатӣ