Зеҳн
Байтал

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, барои хонандагони наврас пешбинӣ шудааст. Он дорои ҳикояҳову қиссаҳо оид ба табиат ва олами ҳайвонот мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУРБАИ ГУРУСНА

Гурбаяк ҳайрон аст. Як рӯз боз дав-давон дар ҷустуҷӯи модарҷон аст. Гурбаяк чор тараф медавад. Намедонад куҷо, назди кӣ равад, суроғаи модарашро пурсад.

Мияв-мияв. Оҷаҷон. Гирякунон мерафту гуруснагӣ азобаш медод. Гурбаи майдаяк аз миёни буттаю ниҳолак гузашта, қади роҳ расид, бо сад умед ба одамон нигоҳ кард. Дид, ки касе ба ӯ таваҷҷӯҳ надорад, ҳайрон шуд, ҳеҷ ақли кӯдаконааш намегирифт, ба суолаш посух намеёфт. Чаро инсонҳо низ ӯро намебинанд. Охир ман гуруснаам, фикр кард гурбача...

Худашро таги пои чанд роҳгузар бурд, зада пешаш карданд. Ноилоҷ гашт. Аммо гуруснагӣ ҳолашро ба танг овард. Садои раҳмовари мияв-мияв, Обидҷони шашсоларо назди гурбача овард. Обидҷон зуд аз хонааш шир овард. Пишакча бо ҳаросу тааҷҷуб резаҳои нону ширро фурӯ бурд. Гурбачаи аллакай нимсершуда, акнун нигоҳашро аз Обидҷони хурдакак намеканд.

Гурбача ҳайрон буд, ки чӣ тавр ин писараки содда гуруснагии вайро фаҳмиду калонсолҳо не. Гурбачаи майда суолҳои бисёр дошт. Мехост аз Обидҷон дар бораи одамон, рафтору кирдори онҳо пурсон шавад. Аммо намедонист чӣ гуна ӯро фаҳмонад. Дилу бедилон аз қафои Обидҷон равон шуд. Боварӣ дошт, ки соҳиби наваш ҳаргиз ӯро озор намедиҳад ва гуруснааш намемонад...

пешина
аз 7
навбатӣ