Зеҳн
Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

МУАЛЛИМ ПЕШВОИ МО
(Суруд)

Сар бишуд хониши мо,
Манбаи дониши мо.
Муаллим аз мо ризо,
Муаллим аз мо ризо.

Муаллим ҷону мо тан,
Меомӯзад илму фан.
Гар муаллим набошад,
Не риштаем, не сӯзан.

Муаллим пешвои мо,
Муаллим пешвои мо.
Гар равшанӣ надиҳад,
Мо мехӯрем пешпо.

ЗИНДА БОШАД ИСТИҚЛОЛ
(Суруд)

Ба пешвози Истиқлол,
Мо тайёрем моҳу сол.
Бо тӯҳфаҳои шоён,
Мегиремаш истиқбол.

Мо бачаҳои ӯем,
Озодаву дилҷӯем.
Ҳамеша дар тӯи ӯ,
Рақскунон мегӯем:
Зинда бошад истиқлол,
Зинда бошад истиқлол.

пешина
аз 26
навбатӣ