Зеҳн
Бибигамбусак

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ мебошад, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он саргузашти ҷолиби қаҳрамони асосиро бо расмҳои рангин нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Бибигамбусак вайро Мушак гумон карда, баромада дарро кушодааст.

Ҳамин ки дарро кушодааст, духтари мири мушон ба сараш оташгираки тафсонро зер кардааст. Бибигамбусак беҳуш шуда афтидааст.

Баъд духтари мири мушон Бибигамбусакро аз пояш кашолакунон бурда ба ҷӯй партофтааст.

Бибигамбусак баъди чанд вақт ба хуш омада, чашмонашро кушода дидааст, ки аз кӯча Мӯрча аспсавор гузашта рафта истодааст. Бибигамбусак ба ӯ нигоҳ карда, гуфтааст:

Аспи ало тақар-туқур,
Зину лачом шакар-шукур,
Бинӣ, гар Мушакро, бигӯ,
Кӯлдордарпуштакро бигӯ,
Асодармуштакро бигӯ,
Бигӯ: «Дӯсти азизи ту,
Боаклу ботамизи ту
Афтода дар ҷӯи равон,
Рӯй тунуку мӯй тунук».

пешина
аз 6
навбатӣ