Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
АФСОНАИ БОБО АЛЕСЯ1
(Номаи гулшапалакҳои Титово)
Нурҳои аз асирии абрҳо халос хӯрдаи Офтоб рост сари сабзаҳои навраси ҷо-ҷо ранги зард пайдо карда мерасиданд.
Бобо Алеся ном шапалак, ки аз гармои тоқатфарсо азоб мекашид, бо ҳаяҷону изтироб ба осмони каб-кабуд нигарист.
Ба вай лозим буд ба парвоз биёяд, масири дуру дарозе тай бикунад. Рафту ногаҳ тундар ба ғурриш ояду борони сахт биборад, он гоҳ лозим мешуд дар ҷое паноҳ бибарад.
О – ҳо – о, аз вайрон шудани вазъи обу ҳаво, бисёр аломатҳо гувоҳӣ медоданд. Вақте ки ӯ аз болои марғзорому бешаҳо парвоз мекард, чашми Бобо Алеся ба лашкари беҳисоби мӯрчаҳакон афтод. Он заҳматкашакони ноороми беша хеле серташвиш буданд. Ох, чӣ чизҳоро чолокона ба дӯши худ мебурданд. Дасташон ба ҳама чиз мечаспад. Ва хатти ҳаракаташон танҳо ба як тараф – сӯи ошёни худашон буд, ки зери буттаҳо ва шоху барги бурси бениҳоят бузурги сарбарфалак ҷойгир шудааст.
«Мӯрчаҳо медонанд, ки кай борон меояд» - гапи борҳо аз калонсолон шунидаашро ба ёд овард шапалак Алеся.
Вай дар ин сафар аз таҳдиди хатар ба ҷони худ наметарсид, балки аз хатари таҳдид ба номае, ки зери пару болаш гузошта
1 Барои фаҳмотар шуданаш баъзе номҳоро дигар намудем. (Тарҷумон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё