Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
буданд, ба ҳарос меомад. Онро ҳатман ба Мамнӯъгоҳи Сафедорон бояд мерасонид. Нишонии Мамнӯъгоҳ дар қоғазаки ғафси аз барги дарахти булут буридашуда, хеле тахминӣ буд. Боз кӣ ҳам медонад, ҷустуҷӯи он чӣ миқдор вақт талаб мекунад. Вале ҳарчӣ зудтар расонидани нома бисёр зарур буд.
Охир, дар оилаҳои шапалакҳои мавзеи Титово бадбахтӣ рӯй дод. Онҳо байни ду наҳри азим – Свислоч ва Титово зиндагӣ мекарданд. Пеш ғами дунёро надоштанд. Ҳаёташон бо роҳи худ давом дошт. Аз тухмакҳояшон ҷонзодҳои хурди бас зебо ба дунё меомаданд. Онҳо баъд ба лӯъбатакони (лӯҳтакчаҳои) мунаққаш табдил меёфтанд. Оҷаҳошон, барои он ки парвонаҳои шӯху беқарор ба дунё оваранд, беист, аз як гул ба дигараш нишаста, гард мебардоштанд. Ҳамин тавр, онҳо рӯз то рӯз беҳтару бештар нашъу нумӯ мекарданд.
Аз ин рӯ, баъзе ҷонзодҳо, дар ҳаққи гулшапалакҳо бадгӯӣ ҳам мекарданд, ҳасад мебурданд: «Оҳ ин гулпарвонаҳои хушрӯ, чӣ қадар зиёд шудаанд!» - мегуфтанд байни худ. Аммо кам дар кам аз ҷонварон медонистанд, ки чунин ҳусну латофат ба гулшапалакҳо ба ивази чӣ заҳматҳои зиёд муяссар мегардад!...
Шапалак - Бобо Алеся баногоҳ ҳамон ошёни беҳад азими мӯрчаҳакон ба ёд овард, ки боре вақти парвоз аз болояш гузашта буд. Ҳамин гуна ошёни мӯрчаҳо дар марғзорони азизи худашон – Маряно, наздиктарин ҳамсояшон Ганҷиҳо низ вуҷуд дошт.
Бобо Алеся гоҳе, вақти парвоз аз он қаламравҳо агар хаста гардад, рӯи буттаҳои гулу гиёҳ ва шохаи дарахтон менишаст. Аз баландии ба ҳуҷраву давуғечи беҳисоби мӯрчаҳакон базавқ менигарист. Ҳаракати онҳо хеле ҷолиб ва батартиб буд. Худи тарзи зиндагиашон бас пурмаъно ба чашм мерасид. Аз ростӣ ҳам, он заҳматкашакон дар беша як қалъаи ҳақиқӣ бунёд кардаанд. «Ин гуна меъморони тифоқро ҳеҷ нерӯе мутеъ гардонда наметавонад» - мегуфт Бобо Алеся дар дил.
Вале зиндагонии бошандагони Титово таҳти хатари азим қарор гирифта буд. Дар ин бора, дар маҷлиси сарони гурӯҳ сухан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё