Зеҳн
Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа

ЛатифаКӯдакон
Аз аввал хондан

Тамошобинони хоб

Нозанин ба духтарони кӯча чӣ тавр бо падару модараш ба балет рафтанашро нақл мекард. Яке пурсид:

  • Чаро ҳамаи раққосаҳои балет бо нӯги пой роҳ мера- ванд?
  • Шояд барои он, ки тамо- шобинонро бедор накунанд, - доной кард Нозанин.

Шарм мекунед?

Писарак аз меҳмони омада савол кард:

  • Шумо бо англисӣ гап мезанед?
  • Танҳо бо луғат, - табассумку- нон гуфт меҳмон.
  • Бо одамон шарм мекунед? - пурсид писарак.

Ҳақ

  • Падар, Диловар аз кӯчаи боло маро зад, - шикоят кард Хол.
  • Ту ҳам бояд ҳақашро ме- додӣ! - гуфт падар.
  • Ман ҳақашро пешакӣ дода будам, - ба хотир овард Хол.
пешина
аз 15
навбатӣ