Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа
КӯдаконЛатифа
Аз аввал хонданШаннӣ як пиёла мурабборо дар як дам фурӯ бурд.
- Хайр чӣ хел, ширин аст? - пурсид бибиаш.
- Зуд хӯрда мазаашро нафаҳмидам, - гуфт Шаннӣ. - Як пиёлаи дигар диҳед, хӯрда, чӣ хел буданашро мегӯям.
Ҳангоми дарс муаллим ба толибилмон савол медиҳад:
- Кадоме аз шумо худро нодон меҳисобад, аз ҷояш хезад!
Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад. Ин дам Роберт аз ҷояш мехезад.
Омӯзгор аз ӯ мепурсад: - Ту худатдро нодон мешуморӣ?
- Не, дар ҳоле, ки шумо худатон танҳо рост истодаед, худро нороҳат ҳис кардам.
Муаллим дар охири дарс як-як аз хонандагон пурсид, ки оянда кӣ мешаванд.
Хонандае, ки дар мизи охир нишаста буд, чунин ҷавоб дод:
- Ман дар оянда касби Бобои Барфиро интихоб мекунам.
Муаллим дар ҳайрат монда аз ӯ пурсид, ки чаро ин касбро интихоб мекунад? - Чунки Бобои Барфӣ дар 1 сол 1 рӯз кор мекунаду 364 рӯз дам мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё