Ғунҷишки дидбон

Ин китоб асари нависандаи бузурги рус Лев Толстой буда, барои хонандагони наврас ва кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он ҳикояҳои тарбиявӣ ва омӯзандаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 4 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданФИЛ
Як марди ҳиндӣ филе дошт. Соҳибаш ба фил хӯроки бад медод ва бисёр кор мефармуд. Як рӯз фил дарқаҳр шуда соҳибашро бо пояш зер кард. Марди ҳиндӣ мурд. Он гоҳ зани вай гирьякунон бачаҳояшро ба назди фил овард ва онҳоро ба пеши пои вай партофта гуфт: „Эй фил! Ту падари инҳоро куштӣ, худи инҳоро ҳам куш“. Фил ба бачаҳо нигоҳ карда, ба хартумаш писарбачаи калониро ба болои гардани худ савор кард. Фил аз ҳамон вақт сар карда ба он бача итоат намуд ва барои ӯ кор кардан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё