Зеҳн
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИМЛОИ САДОНОКҲО

  1. Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғ.

Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғ.

  1. Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғ .

  2. Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  1. а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғ.;
  2. б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.;
  3. в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғ.;
  4. г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.;
  5. ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғ.
  1. Ҳарфи ӯ(у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғ.

Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.

Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ.

  1. Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:
  1. а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғ.;
  2. б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғ.;
  3. в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғ.;
  4. г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғ.
  1. Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскватор ва ғ.
  1. а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғ.;
  2. б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғ.;
  3. в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғ.
пешина
аз 12
навбатӣ