Зеҳн
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИМЛОИ ҲАМСАДОҲО

  1. Ҳарфи ж дар се мавқеъ навишта мешавад: жола, жарф, жӯлида, лағжидан, нажод, пажӯҳиш, аждаҳо, жож ва ғ.

  2. Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  1. а) дар оғози калимаҳои иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йӯрға ва ғ.;
  2. б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғ.;
  3. в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э(е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бурё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғ.

Эзоҳ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои й доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғ.

  1. Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбӯр, занбар, занбӯр, пунба, сунбул, танбал, танбӯр, шанбе ва ғ.

  2. Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғ.

  3. Ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзӯъ, навъ, матбӯъ, масъул, масъала, таърих ва ғ.

Эзоҳ. Агар ба калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ва ё пайвандаки у илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад: ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур, табъу нашр, шамъу парвона ва ғ.

Ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъин навишта намешавад: маориф, таом, мавзӯи баҳс, тулӯи офтоб, шурӯи кор, маҷмӯи ашъор ва ғ.

  1. Имлои ҳамсадоҳои ташдиддор:
  1. а) дар калимаҳои тоҷикӣ дар асоси усули таърихӣ сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ғ.;
  2. б) ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида дар қолабҳои фаъъол (наҷҷор, раззоқ, ҳаммол); тафаъъул (ташаккур, таҳаввул, таназзул); муфаъъал (мураккаб, муаззам, мунаққаш); муфаъъил (мусаввир, мударрис, мумаййиз); мутафаъъил (мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир); мутафаъъал (мутақаддам, мутааххар); ва калимаҳои навъи иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғ. навишта мешаванд;
  3. в) ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии арабии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад ва ғ., ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдиди онҳо дубора барқарор мегардад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, истилоҳи фаннӣ, кори хаттӣ, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғ.;
  4. г) ташдиди йот якҷо бо ҳарфҳои йотдор дар шакли зер навишта мешавад: айём, тайёр, муҳайё, тахайюл, муайян, музайян ва ғ.
пешина
аз 12
навбатӣ