ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.
Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа
ИМЛОИ ШУМОРА
- Якҷо навишта мешаванд:
а) пасвандҳои шумораи тартибӣ - ум (- юм), -умин (-юмин): сеюм, сеюмин, панҷум, панҷумин, даҳум, даҳумин, шастусеюм, шастусеюмин ва ғ.;
б) шумораҳои мураккаби аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нуҳсад: дувоздаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, шашсад ва ғ.;
Эзоҳ. Шумораҳои миқдорӣ ва тартибии зерин ду шакли навишт доранд: дуюм-дувум, сеюм-севум, чор-чаҳор, чорум-чаҳорум, чил-чиҳил, дусад-дувист ва ғ.
в) шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғ.;
г) нумеративи - то бо шумораи миқдории бо ҳарф навишташуда: дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғ.
- Бо нимтире навишта мешаванд:
а) шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ-понздаҳ, сӣ-чил, сад-дусад, ҳазор-ду ҳазор ва ғ.;
б) нумеративи - то аз шуморае, ки бо рақам навишта шудааст: 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғ.;
в) пасвандҳои шумораи тартибии - ум(- юм), -умин (-юмин) аз рақам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юм ва ғ.
Эзоҳ. Агар шумораҳо бо рақамҳои римӣ навишта шаванд, пасванди -ум (-юм), -умин (-юмин) навишта намешавад: асри ХХ, синфи Х ва ғ.
- Ҷудо навишта мешаванд:
а) шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки - у (- ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву (сию) се, панҷоҳу панҷ, ҳазору сиву шаш ва ғ.;
б) шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву (дую) ним ва ғ.;
в) шумораҳои касрӣ бо пешоянди аз ҷудо навишта мешаванд: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғ.;
г) нумеративҳои дона, сар, нафар, даста ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул ва ғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё