Зеҳн
Ҳикояҳо барои хурдтаракон

Ин китоб ҳикояҳои кӯтоҳи тарбиявӣ ва омӯзандаи Лев Толстойро барои кӯдакони хурдсол дар бар мегирад. Дар онҳо воқеаҳои содаи ҳаётӣ ва ҳикматҳои гуногун бо забони сода баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

КӯдаконАдабиётҲикоя

ЗОҒЧА ВА КӮЗА

Зоғчае ташнаи об буд. Дар рӯи ҳавлӣ кӯзаи об меистод, аммо оби он кам буд. Зоғча аз он кӯза об нӯшида наметавонист. Вай ба даруни кӯза сангча партофтан гирифт. Ва ӯ то андозае сангча партофтан гирифт, ки оби он баланд шуда, нӯшидан мумкин гардид.

КАЛЛАМУШҲО ВА ТУХМ

Ду калламуш як тухм ёфтанд. Хостанд, ки онро тақсим карда хӯранд; вале диданд, ки зоғе парида омада истодааст ва мехоҳад тухмро гирад.

Калламушҳо фикр мекарданд, чи навъе карда тухмро ба зоғ надода ба хонаашон гирифта баранд. Бардошта барем гӯянд — ба даст гирифта намешавад, ғелонда барем гӯянд — шикаста монданаш мумкин.

Калламушҳо ба чунин қарор омаданд: якеаш ба пушт хоб карда, тухмро дар байни панҷаҳояш қапид, дигараш аз думи ӯн газида, мисли он ки ҷанаро мекашида бошад, тухмро кашида ба таги пол бурд.

ЖУЧКА

Жучка устухонеро газида аз болои кӯпрук гузашта мерафт. Вай ба об нигоҳ карда, дар даруни об акси худро дид.

Жучка фикр кард, ки дар об акси вай набуда, балки Жучкаи дигаре мебошад, ки низ дар даҳон устухон дорад. Вай устухони худро партофт, то ки устухони дар даруни об бударо гирад. Аммо он устухонро гирифта натавонист ва устухони худаш ҳам ба таги об рафт.

аз 7
навбатӣ