Зеҳн
Ҳикояҳо барои хурдтаракон

Ин китоб ҳикояҳои кӯтоҳи тарбиявӣ ва омӯзандаи Лев Толстойро барои кӯдакони хурдсол дар бар мегирад. Дар онҳо воқеаҳои содаи ҳаётӣ ва ҳикматҳои гуногун бо забони сода баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

АдабиётҲикояКӯдакон
Аз аввал хондан

ГУРГ ВА БУЗ
(масал)

Гург дид, ки бузе дар болои кӯҳи сангӣ чарида гаштааст ва илоҷи ба вай наздик шудан нест; гург ба вай гуфт: „Ба поён меферомадед-ку мешуд: дар ин ҷо замин ҳамвортар ва алаф ҳам барои хӯрдан хеле ширинтар мебошад“.

Буз бошад гуфт: „Ту, гург, на барои ин маро ба поён даъват мекунӣ: ту на ғами хӯроки ман, балки ғами хӯроки худат-ро мехӯрӣ.

МАЙМУН ВА НАХӮД
(масал)

Як маймун ду кафашро пури нахӯд карда, рафта истода буд. Як донаи нахӯд аз дасташ афтида рафт; маймун хост, ки онро аз замин бардорад, лекин бист донаи дигарро резонд. Вай саросема шуда, хост онҳоро аз замин чида гирад ва якбора ҳамаашро резонда монд. Он гоҳ ӯ дар ғазаб шуда, тамоми нахӯдро дар замин тит карда, гурехта рафт.

пешина
аз 7
навбатӣ