Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Калимаи шаҳодататро хон канӣ, бинам, медонӣ ё не.
– Тақсир, – андеша карда гуфт Восеъ, – ман намоз ҳам мехонам, рӯза ҳам медорам; ҷояш биёяд, калимаи шаҳодатамро ҳам мехонам, аммо ҳозир ман ба пеши шумо барои калима хондану мусулмонии худамро исбот кардан не, балки барои ба галабонии аспҳои шумо киро шудан омадам, тақсир...
Мо халқи авом ки ҳастем, агар якта–нимта фарзу суннатҳо, дуоҳоро надонем ҳам, лекин имон дорем, номус дорем. Дуздӣ намекунем, дилозорӣ намекунем, дурӯғ намегӯем, зино намекунем, ҳаққи мардум намехӯрем.
Ҳалол кор мекунем, ҳалол мехӯрем. Агар шумо одамро нашинохта – надониста аз ӯ бадгумон мешуда бошед, ин ҳам кори мусулмонӣ не. – Инро гуфта Восеъ лингаи ба лаби айвон гузоштаашро бардошт ва бадар рафт.
– Шумо ӯро бесабаб ранҷондед, тақсир, – таънаомез гуфт амин ба Мирзои Қорӣ баъди рафтани Восеъ. – Мардак ростқавл, бодиёнат менамояд, боз бо шумо ҳамсафар ҳам будааст. Аз ин беҳтар галабонро шумо аз куҷо меёбед? Э, монед–е! Хез, баро аз қафояш, ҷеғ зан! – фармуд амин ба ҷавони чойкаш, ки хизматгори бой буд.
Ҷавон Восеъро аз кӯча гардонда овард.
– Хайр майлаш, – ин дафъа нармтар шуда гуфт Мирзои Қорӣ, – ман туро ба галабонӣ мегирам. Аммо як–ду нафар одам даркор, ки туро шиносанду кафил шаванд, – боз шарт монд бой.
Амин дар ғояти нохушнудӣ ба меҳмони бадгумонаш назари сарзанишкорона афканд. Восеъ бошад ришханде карду гуфт:
– Кафил надорам, тақсир.
– Оё дар ин ҷоҳо, ягон шинос–пинос ҳам надорӣ?
– Не, надорам.
– Хайр, дар Янгибозор надошта бошӣ, дар Душанбе ё Ҳисор ҳам надорӣ?
– Дар Душанбе дорам.

пешина
аз 471
навбатӣ