АХТАРОНИ АДАБ

Ниҳоят кӯҳу даштҳо ва боғистонҳои Ҳисор, Деҳнав, Бойсун ва Шеробод ҳам дар қафо монданду мусофирони мо баъди нуҳ рӯзи аз Душанбе баромаданашон ба Ғузор расиданд. Восеъ дар умраш аз Ҳисор он тарафтар нарафта буд, Ғузор баъд аз Балҷувон, Кӯлоб, Ҳисор, Бойсун ва Шеробод шашумин шаҳри қалъадори ҳокимнишине буд, ки ӯ медид. Аммо агар аз вай мепурсиданд, ки шаҳрҳо аз якдигар чӣ фарқе доранд, эҳтимол ӯ дар ҷавобаш дармемонд. Ба назари ӯ шаҳрҳо ҳама ба якдигар монанд буданд, ҷуз ин ки яке калонтар асту дигаре хурдтар ва Балҷувон дар байни кӯҳҳо воқеъ шудаасту дигарҳо дар ҷойи кушодтар. Ҳамон қалъаи баланд ё на он қадар баланди гилин ва сангини ҳоким, ҳамон гузару маҳаллаҳои зич–зич ва каҷу–килеб дар гирди қалъа. Ҳамон бозоргоҳ, қатори дӯконҳо ва дастаҳои тимдор ё бетим дар майдони пеши қалъаҳо...
Бой Восеъро бо аспҳо дар корвонсарой ҷойгир карда, худ бо Ниёз ба ҳавлии кадом як ошнояш рафт.
Корвонсарой дар ду тарафаш ду соботи дарозе бо охурҳои қатор барои бастани аспу харҳо, дар тарафи дигараш қатори ҳуҷраҳои якдара барои мусофирон ва дар тарафи чорумаш айвони дарозе барои галабону уштурбонҳо дошт. Азбаски ин айвон аз одам пур буд, Восеъ «рахти хоб»–и худро бар болои суфаи назди айвон партофт. Шаб дар чапу рости ӯ боз як даҳ нафар хизматгору чӯпону галабонҳои арақин ва хоколуд хоб карданд. Саройбон барои дафъи ӯрдуи бешумори хомӯшакҳо, ки агар монед дар як нафас бо нешҳои заҳрнокашон одамро саропо варам мекунонданд, дар миёнҷойи сарояш як тӯда коҳу саргинро дуд кунонда монда буд.
Ӯрдуи хомӯшак дар ҳаво беором мусиқии борику нозуки худро менавохт ва савти ин мусиқӣ ба савти давомдоре, ки агар ба лаълии биринҷӣ ё қалъагӣ ангуштаке занед, аз он мебаромад, монанд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё