Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Чӣ буд?
– Ҳамту, пурсидам–дия, – хандид мизбон.
– Агар ҳаққи галабонро ҳам ҳисоб кунем, ягон ҳазор танга шудагист, – гӯё, ки ба тахмин гуфт Мирзои Қорӣ, аммо ба ҳар эҳтимол дурӯғ гуфт, зеро хароҷоташ нисфи ин маблағ беш набуд ва ӯ ин хароҷотро тин ба тин ҳисоб карда монда буд.
Ба ин тариқ, маълумоти даркорӣ ҳосил карда буд, ки гӯсфандҷаллоб лӯлаболиштро ба болои суринҳои ғафси худ кашида ва бозувонашро ба он такя дода, ҷуссаи фарбеҳи пургӯшту чарбӯяшро пештар бароварда муддаои ниҳонии худро ошкор кард:
– Хуб, Мирзо, ба хизматгорон арз кунам, дар ин ҷо як маслиҳат баромад. – Ӯ ба писаронаш ва домодаш, ки дар сари дастархон ҳозир буданд, як назар андохт. – Шумо одами амалдор шуда омадагӣ, омили савдо–сотуқ нестед.
Аспҳоро ба фурӯш мерасонам гуфта, ба саратон як олам ташвишу хархашаро харида мегиред. Хӯ–ӯ–ш, ба хизмататон арз кунам, шумо ба аспҳотон, гӯем, андаряк бисту ду ҳазор танга сарф кардаед. Ман сӣ ҳазор тангаи нақд ба шумо диҳам, шумо аспҳоро ба ман гузаронед. Ман онҳоро ба талабгору харидоронаш мефурӯшам. Хӯ–ӯ–ш, ман ҳам аспҳои шуморо албатта, фоида мекунам гуфта мехарам, ин пӯшида нест. Эҳтимол, дусад–сесад фоида кунам, лекин шумо якбора аз ҳазор пула ташвиши аспфурӯшӣ халос шуда хотирҷамъ рафтан мегиред. Ба ҳамин маслиҳат чӣ гуфтед?
Мирзои Қорӣ аз ногаҳон пайдо шуда мондани ин харидори серпул ва имкони халосии матлуб аз рондани аспҳо ба Бухорову фурӯши воқеан ҳам серташвиши онҳо хурсанд гардид ва дар баробари ҳамин аз ростгӯйии аввалаи худ дар ваҷҳи баҳои аспҳо пушаймон шуда ба дилаш надомат мекард, ки: «Ҳай дареғ! Қиматтар гӯям, мемурдам–мӣ?!».
– Маслиҳататон бад не, маъқул–ку, аммо... – гуфта ба сухан даромад бой ва ин «аммо» сари савдои пуркашокашеро боз кард.

пешина
аз 471
навбатӣ