АХТАРОНИ АДАБ

– Аризаи туро ана ин кас навишта медиҳад, – гуфта Мирзои Қорӣ домоди гӯсфандҷаллобро нишон дод ва илова кард: – Остонақул бий–додхоҳ ҳозир дар ҳамин ҷо будаанд, ба ҳузури ҷаноби олӣ омада будаанд; ту дарвоқеъ, аризаатро ба ҳоким дар ҳамин ҷо супорӣ ҳам мешавад. Аммо ҳаққи қалами ин хел ариза аз даҳ танга кам намешавад. Аҳмадҷон бошад аз ту зиёд намегирад, панҷ танга диҳӣ кифоя. Ҳамту–мӣ, Аҳмадҷон? – гӯянда табассум карда ба муллобачаи миҷморуқ рӯй овард.
– Хайр, майлаш, – илтифоткорона розӣ шуд Аҳмадҷон.
– Мана, гир. – Мирзоакрамбой тангаҳоро ба Восеъ дароз кард, Восеъ даст наёзонда нигоҳи нафратборе ба чашмони танги бой дӯхт.
– Гир! – такрор кард бой.
– Сабр кунед, хӯҷаин, ба шумо гап дорам, – Восеъ боз ҳам пулро нагирифт.
– Боз чӣ гап?
– Оё таппончаи шуморо ман дониста дуздондам?
Хӯрҷини худам, пӯшокамро ҳам дониста дуздондам?
– Ин чӣ дағдаға! – бой ҷаҳлаш хест.
Гӯсфандҷаллоб ба гап ҳамроҳ шуд:
– Ҳоло ҳам шукр кун, ки таппонча ёфт шудааст, вагарна товонашро як умр адо карда наметавонистӣ.
– Таппончаро шумо ба чанд харида будед? – ба гапи мизбон аҳамият надода, боз ба бой муроҷиат кард Восеъ.
– Ту ба ин чӣ кор дорӣ? Маро истинтоқ мекунӣ чӣ?
– Истинтоқаш чист, ман намедонам. Шумо тасбеҳ мегардонед хӯҷаин, панҷ вақт намозатон тарк не, аммо аз Худо натарсида ба ҳаққи ман ҷабр карда истодаед. Аз ҳамин сабаб ман ҳақ дорам бо шумо саволу ҷавоб кунам.
Бигӯед, оё шумо таппончаро харида будед? – Восеъ инро гуфта бо қирраи чашмаш ба Ниёз, ки дар пеши тоқча худро ба коре андармон кард ба гуфтугӯйи онҳо гӯш андохта истода буд, назаре афканд, гӯё, ки ӯро ба гувоҳӣ даъват мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё