АХТАРОНИ АДАБ

Шаҳрисабз куҷост ва ҳокими он ки мегӯянд ҳоло дар ин шаҳр мебошад, кадом аст? Аризаро ба кӣ бояд нависонд ва чӣ тавр ба ҳоким расонд?
«Хайр, ягон илоҷаш ёфт мешудагист. Худам бошам марди тансиҳатам, бақувватам, наход, ки дар ин шаҳри калон ба худ кореву музде пайдо карда натавонам?» – боз фикр мекард Восеъ. Зотан вай одами дилпур ва худбоваре буд, дар ҳеҷ ҳолат навмед ва маъюс намешуд.
Ӯ ба майдони пеши қалъаи ҳоким баромад. Қалъа дар баландии канори дарё ҷой гирифта, асрорангез ва ҳавлнок менамуд. Дар майдон, ки бозоргоҳ низ он ҷо буд, дар байни мардуми бозорӣ сарбозон ва сипоҳиён бисёр вомехӯранд. Раставу бозорҳои дигар низ дар гирду пеш ва дуру наздики қалъа воқеъ шуда буданд. Мусофири моро тамошои он раставу бозорҳои сермолу серодам ба худ машғул дошт. Дар ду бари кӯча зич–зич дӯкону дӯкончаҳои пур аз меваи хушку тар, сабзавот, моҳии бирён, каллақанду наботу ҳавло. Инак, боз паҳлуи дигари бозор.
Қанору лингаҳои гандум, ҷав, биринҷ, ҷуворӣ, кунҷид; пушта–пушта кунҷола! Ин кунҷолаҳо диққати ҷувозкаши моро махсусан ҷалб карданд... Боз бозори нон. Дар даҳҳо сабад қабат–қабат нону кулчаҳои сурху сафеди иштиҳоангез. Растаи баззозӣ. Тӯп–тӯп читҳои рангоранги мунаққаш ба гулҳои калон–калон ё майда–майда, шоҳию атлас, бахмал, адрасу беқасаб, дока, рӯмол ва сарпечҳои зебову хушранги занона. Э кош, ӯ пуле медошту аз ин рӯймолҳо харида ба Аноргул ва Гулъизор савғотӣ мебурд!.. Дар бозори каланд ӯ ба асбобҳои зироату боғдорӣ
– бо он ҳама каланду белу досҳои оҳанину фӯлодин, корду табару тешаҳои соз бо чашми ҳавас менигарист. Қатори дегҳои каллапазӣ. Бӯйи хуши каллаву ҳасиби пухта ба димоғ мезанад. «Сабил монад, балки аз бой бисту се тангаро гирифтанам лозим буд? Аз қаҳру ситезаи ман фақат бои лаин фоида карду худам зиён кашидам!» Гӯштхӯре аз кат бархост ва ҳамон дам панҷ–шаш нафар гуруснагони нимбараҳна пайдо шуда ба косаи ӯ дарафтиданд: дар коса каме шӯрбо ва ду–се пора устухони нимхоида боқӣ монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё