Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барои рӯзгори оилаи пештарааш ҳатто пули казоӣ ҳам намедод.
Ҳурматой ва духтарони ӯ, агарчи гоҳо ғур–ғур кунанд ҳам, ба ин аҳвол тоқат мекарданд, зеро бемеҳрии шавҳару падарашон барои онҳо чизи наве набуд. Аммо Лутфия тоқат намекард. Ӯ мисли мурғи посӯхта беқарор буд. Ҳар пагоҳ бо тарсу ҳарос ба оина нигоҳ карда медид, ки гули рӯяш торафт пажмурда шуда, дар пешонӣ ва гирди чашмонаш оҷингҳо пайдо шуда истодаанд. Дарду аламаш тоқатфарсо буд, ӯ мушташро газида бесадо мегирист.
Агар Хайрӣ ба дасташ меафтид, чашмони ӯро канда гирад ҳам, аҷаб набуд, аммо Хайрӣ дастнорас буд: бойбача рафтуомади занҳои калонаш, духтаронаш, дигар хешу таборашро ба хонаи Хайрӣ қатъиян манъ карда буд ва Хайриро ҳам иҷозат намедод қадамашро аз дарвоза берун гузорад.
Ба ҳамин минвол як ду моҳ гузашт.
Рӯзе Лутфия барои кафшхарӣ ба бозор рафт. Кафшу масҳифурӯши хушбурут ва олуфта Иномҷон ӯро бо тавозӯъ ва такаллуфи хосе истиқбол кард, зеро барои дарёфтани он ки занак барно ва бадавлат аст, фаросати зиёд лозим ҳам набуд–фаранҷии бахмали олиҷаноб, дастҳои сафеди ҳиномолида ва ангуштарину дастпонаҳои гаронбаҳо худ ба ин гувоҳӣ медоданд.
Фурӯшгор дар аснои савдо бо қирраи чашм аз як канори чашмбанд нигоҳ карда дид, ки занак соҳибҷамол ҳам ҳаст. Такаллуфи хушомадомез дучанд гашт. Кафшҳои бисёре бо камоли одобу назокат ба пеши зан кашида шуданд:
– Кадомаш, ки маъқул шавад, гирифта рафтан гиред, апаҷон. Пул надиҳед ҳам майлаш. Шумо барин аёл омада аз камина кафш хариданатон худаш барои камина сад тилло, апаҷон. Ба фикрам ана ҳаминаш ба шумо ҷудо соз, ҷудо мезебад. – Иномҷон ҳар дам дасти тамаллуқ ба сина гузошта чунон ширин гап мезад, ки ба Лутфия форид; инчунин чеҳраи хуш ва бурути сиёҳи тӯтивори кафшфурӯш ҳам қобили таваҷҷуҳ буданд.

пешина
аз 471
навбатӣ