АХТАРОНИ АДАБ

Чун миршаб хоҳу нохоҳ, раис бошад, бо камоли майл ба кушодани чигил шурӯъ карданд.
Иномҷон саропо гӯш гардид. Лутфия сари ду по нишаста ба пурсишҳо ҷавоб медод. Сарриштаи сухан акнун ба дасти раис буд.
– Оё шавҳари собиқи шумо Иноятуллоҳбойро Амирқул худаш кушт?
– Ҳа, тақсир худаш.
– Шумо хабар надоред?
– Не, тақсир, аз мурданам хабар дораму аз ин кор хабар надорам. Охир ман як заифаи муштипар...
– Хабар надошта бошед, куштани ӯро аз куҷо медонед?
– раис ба тарафи Амирқул, ки сар ба зер афканда дар як тараф нишаста буд, ишора карда пурсид.
Ниҳоят ана, дар ҳамин ҷо ақлу ҳуши паридаи Лутфия ба лонаи худ баргашту вай ба дом ғалтиданашро фаҳмид.
Ларзид, дармонд, сукут кард.
– Ҷавоб деҳ, – ин дафъа занаки ҷинояткорро «ту» гуфта амр кард раис, – ту аз куҷо медонӣ, ки бойбачаро Амирқул кушт?
Аз зери фаранҷӣ овози ғурмае баромад, ки маънояшро фаҳмидан душвор буд. Он гоҳ миршаб аз Амирқул пурсид:
– Иноятуллоҳбойро куштани туро ин аёл аз куҷо медонад?
– Намедонам, – сар боло накарда ҷавоб дод Амирқул.
– Ту одам куштанатро ба ягон кас гуфта будӣ ё не?
– Не... гуфтагем не.
– Ба ин аёл ҳам нагуфтӣ?
– Не, – Амирқул сарашро боз пойинтар фуровард.
Раис боз аз Лутфия пурсид:
– Ту ба куштани шӯйи собиқат қасд кардани Амирқулро пештар медонистӣ ё не?
– Ман намедонам, тақсир; аз ҷони ҷавонам ҷудо шавам, ки ман хабар надорам. – Лутфия дигар ба маънои пурсишҳо ҳам дуруст сарфаҳм намерафт.
– Оё баъд аз куштанаш хабардор шудӣ? – савол дод миршаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё