Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо ин мардикорон хабари нохуше оварда буданд: дар кӯҳистон гандуми баҳориро малах хӯрдааст, гандуми тирамоҳӣ бошад дар бисёр ҷоҳо аз хушкӣ сӯхта рафтааст, зеро имсол ҳам баҳору тобистон хушк омада, борон ниҳоят кам боридааст.Аз ин мебарояд, ки боз қаҳтӣ мешавад. Восеъ дар хавотир афтод, агар кишти ғаллаи ӯ нобуд шуда бошад, аҳволи оилааш чӣ мешавад? Наход, ки боз гуруснагӣ ё нимгуруснагӣ, боз алафу кунҷорахӯрӣ мешуда бошад?
Ҳамватанон маслиҳат доданд, ки Восеъ ҳозир барои баргаштан ба кӯҳистон шитоб накунад. Боз муддате дар ин диёр мардикорӣ карда, панҷу шаш музде ёфта баргаштан беҳтар аст.
Ин маслиҳат ба Восеъ писанд афтод. Ӯ ба воситаи шиносон ва дӯстони дар хиштрезӣ ва даравгарӣ пайдо кардааш барои зудтар кор ёфтани ҳамватанонаш ёрӣ дод. Аз онҳо дастае ба даравгарӣ, дигарҳо ба хирманкӯбӣ, ҳаммолӣ, ҳезумкашӣ ва корҳои дигар банд шуданд. Худи Восеъ ҳам боз ба даравгарӣ киро шуданӣ буд, аммо дар ин миён ба ӯ як кори нави ғайри оддӣ баромада монд. Чанде пеш аз Тошканду Самарқанд ба вилояти Шаҳрисабз барои мубориза бо малах як гурӯҳ русҳо омада буданд, ки ба роҳи урдуи малах ё бевосита ба болои худи малахҳо ким– чӣ гуна заҳри сабзранг, хокаи маргимуш ва дигар чизҳоро пошида онҳоро мекуштанд. Дастаи малахкуш дар бозгашт барои маркабҳо ва борҳояшонро то Самарқанд расонда додан ду–се нафар одам киро карданӣ шуданд. Ошнои хумдончии Восеъ аз ин кор хабардор шуда, Восеъро ба назди онҳо бурд ва ба хизмат қабул кунонд. Онҳо ба ҳар кадом одами кирошуда ғайр аз тӯшаи сафар боз панҷсумӣ пули русӣ ҳам доданӣ шуданд. Ин пули калоне буд, ки барои хизмати ду–се шабонарӯзӣ дода мешуд.
Восеъ бо ҳамватанонаш хайрбод кард. Даста пагоҳӣ пеш аз тулӯи офтоб ба роҳ баромад.

пешина
аз 471
навбатӣ