Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тотор сухани Восеъро пора–пора тарҷума мекард, руси малламӯй мешуниду гоҳ ба ризоят, гоҳ ба тааҷҷуб ва гоҳе ба таассуф сар меҷунбонид; баъзан бо тарҷумон ким–чӣ саволу ҷавобе мекард.
Дар охир ӯ боз аз Восеъ пурсид:
– Пештар, вақте ки амири Бухоро кӯҳистонро ҳанӯз ба худ тобеъ накарда буд, аҳволи фуқаро чӣ гуна буд? Магар мирон, ҳокимон аз фуқаро хироҷу закот намегирифтанд?
– Мегирифтанд, албатта, – ҷавоб дод Восеъ, – аммо гирифтан то гирифтан фарқ дорад, тӯра. Он вақт агар аз шӯрбои каллапочаи фуқаро каллаашро мебардоштанд, лоақал почааш мемонд. Акнун амалдорони амир каллашӯрборо бо дегаш мебардоранд ва баъд аз он омада пӯсти ҳайвони каллашӯрбо шудагиро талаб мекунанд.
«Дузд бошӣ ҳам, баинсоф бош» гуфтаанд. Мирон ба ҳар ҳол тагҷойӣ, ки буданд, ба халқ он қадар бегона набуданд, «дуздони баинсофтар» буданд. Амалдорони амир бошанд, дуздони беинсофанд, балки ҳаргиз аз кӯчаи инсофу адолат нагузаштаанд.
– Сарихон, мири пештараи Кӯлобу Балҷувон, мири одил буд мегӯянд, рост аст?
– Рост. Шумо онро Сарихон мегӯед, мо Мири Зард мегӯем; асли номаш Сарибек Валамӣ аст. Марди худотарс буд, адолат мекард... Дар Балҷувон як фолбин фол дидааст, фолаш баргаштани Мири Зардро нишон додааст.
Мӯсафедони мо мегӯянд, ки ӯ албатта, ягон рӯз гашта омада мулку давлаташро аз амир зада мегирад...
Корвончаи малахкушон ба деҳаи Ҷом расида шаб дар он ҷо монд. Пагоҳӣ дар вақти ношто калони даста Восеъро ба наздаш ҷеғ зада, бо қалам ӯро кашиданӣ шуд.
Вале «мусулмони боимон» намехост, ки сурати ӯро кашанд, ӯ дар дили худ аз ин кор як навъ тарси мавҳуме ҳис мекард. Тарҷумон ӯро базӯр розӣ кард:
– Аз чӣ метарсӣ? Ин ҳеҷ зарар надорад. Ту ба тӯра маъқул шудаӣ, ӯ туро марди баҳодурнамо, кӯҳистонии асил мегӯяд. Сурати туро барои ёдгорӣ кашидан мехоҳад.

пешина
аз 471
навбатӣ