Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаб ҳар ду мусофир бо рухсати самоворчӣ ба кунҷаки ториктари самоворхона хазида хоб карданд...

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Пагоҳӣ баъди ношто Юлдошбой ба дидани ким–кадом ошнои самарқандии худ ба гузари Хоҷа Аҳрор рафт. Восеъ баромада раставу бозорҳоро чарх зад.
Дар бозори ангишт ӯ ба ду нафар ҳаммоли кӯлобӣ дучор шуд. Се ҳамватан ба самоворхонаи сари кадом ҳавзе рафта, дар болои кат чой нӯшида, пурсупос карда нишастанд. Дар байни гап яке аз ҳаммолон гуфт:
– Ман шунидам, дар Шоҳи Зинда як нафар кӯлобӣ ё балҷувонӣ ду–се ҳафта боз ба чилла шишта будааст.
Баъд ӯ нақл кард, ки дина ангишти харидаи як нафар самарқандиро бардошта ба тарафи Шоҳи Зинда рафтааст, вақти бозгаштанаш дар пеши дарвозаи Шоҳи Зинда як шайхи мазор ӯро ҷеғ зада, куҷойӣ буданашро мепурсад; чун кӯлобӣ будани ӯро мефаҳмад, мегӯяд: «Кӯлобӣ бошӣ, чаро аз ҳамватанат хабар намегирӣ, ки бечора як моҳ боз дар ин ҷо чилла нишаста қариб ба ҷон кандан расидааст?». Кӯлобӣ мепурсад: «Ӯ кист, номаш чист?» Шайх мегӯяд: «Кӣ буданашро намедонам, номашро ҳам фаромӯш кардам, аммо худаш аз тарафҳои Кӯлоб аст, ғариб аст, дар ин ҷойҳо ягон ёру ошнояш ҳам набудааст, ки аз аҳволаш хабар гирад».
– Ту хабар нагирифтӣ? – пурсид Восеъ.
– Ҳоло не. Имрӯз ин гапро ба Шариф гуфтам, – ҳаммол шарикашро нишон дод, – бегоҳтар дуямон меравем, мефаҳмем.
Восеъ ҳайрон шуда фикр кард: он кадом кӯлобӣ будааст, ки ба Самарқанд омада чилла менишастааст? Чилланишинии мусофири кӯҳистониро ӯ дар умраш нашунида буд.

пешина
аз 471
навбатӣ