Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо агарчи Зебӣ бенур бошад ҳам, Мирзои Қорӣ дар фикри ба тӯраи валиаҳд пешкаш кардани ӯ афтод. Кӣ медонад, ба тӯра ҷавонӣ, тару тозагии духтарак писанд омада монад ҳам аҷаб не. Бой бо зани калонии худ маслиҳат андохт. Ӯро шӯяш ҳурмат менамуд ва маслиҳати рӯзгори худро ҳамеша бо ӯ мекард. Ибодатпошо, ки палонҷҳои худро, хусусан палонҷи хурдаш ва духтари ӯ Зебиро албатта нағз намедид, фикри шавҳарашро писандид. «Тӯраи валиаҳд ҳокими мо, соҳиби молу ҷони мо, ҳам соҳиби нангу номуси мо мебошад, – гуфт ӯ, – писару духтари
12 худро ба ғуломӣ ё канизакии тӯрем тортуқ кардан гуноҳ нест».
Матлабро ба Рисолат–модари Зебӣ фаҳмониданд.
Фаҳмониданду ба бало монданд. Ин занаки ошпазу нонпаз, духтари як мисгари камбағал, чӯрии хонадон, мутеъ ва фармонбардор, чунон доду фиғон бардошт, чунон шӯру ғавғое андохт, шавҳараш ва пошохонашро нахустин бор бо як ҷасорати ҳайратангез чунон ҳам «аз лой гирифта ба лой зад», ки онҳо аз гуфтаашон сад бор пушаймон гаштанд. Бой ӯро бо қамчин мезад, аз мӯяш гирифта кашола мекард, аммо Рисолати сарсахт дам намешуд, балки фарёд мекашид, ки: «Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортуқ кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!!»...
Бой ва Ибодатпошо диданд, ки Зебиро то модараш зинда аст, қурбони мақсади разилонаи худ карда наметавонанд. Падари мансабҷӯй бо вуҷуди дилсахтӣ, золимӣ ва инодкории хуконаи худ маҷбур шуд, ки аз фикри ба Тӯра пешкаш кардани духтараш даргузарад.
Аммо ӯ аз фикри ҷоҳу мансаб намегузашт. Меандешид,

1 . Тӯрем – тӯраам (ба лаҳҷаи Бухоро).
. Тортуқ – пешкаш (калимаи туркӣ).

пешина
аз 471
навбатӣ