Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳоло, албатта, ҳамин тавр мекунам, – қабул намуд Мирзои Қорӣ.
Дар ҳақиқат ӯ бедонаро дар қафас андохта ҳафт рӯз обу дона дод ва рӯзи ҳаштум онро гирифта ба Кармина равон шуд.


Абдулаҳадхон-тӯра аз шароби ноб сархуш дар базмҳои ӯрда бо ҳамроҳии дастаи созандаву сарояндагон танбӯр навохта, дилхушӣ карда нишаста буд, маҳрам даромада ба арз расонд, ки Мирзоакрамбойи бӯстонӣ ба хизмат омадааст ва мехоҳад ба дидори мубораки Тӯра мушарраф шавад. Тӯра фармуд, ки бойро ба базмхона ворид намуданд.
Ӯ қафаси бедонаро ба замин гузошта, дуқад шуда таъзим баҷо оварду рафта дасти Тӯраро гирифта чалап–чалап бӯсид.
– Тасаддуқ шавам, ин бедона дар Ғиждувон ба даҳ бедонаи ҷангара зафар ёфтааст, ғуломашон инро ба тӯраам муносиб дида, аз соҳибаш харида овардам, ки шояд андаке ҳам бошад мӯҷиби дилхушии тӯраам шавад.
Навкари дӯстдошта ва шарики базмҳои хоссаи ҳоким – Яхшибек удайчӣ бедонаро аз қафас бароварда ба дасти тӯра дод. Тӯра мисли як бедонабози ботаҷриба тану тӯши онро дид, панҷаву минқорашро санҷиду тааҷҷуб карда гуфт:
– Ибӣ, ин аз фарбегӣ чарбӯ бастааст–ку, читу меҷангад?
– Тасаддуқ шавам, – тавозӯъкорона ҷавоб дод Мирзоакрамбой, – вай чарбӯ не, ҳамааш рагу пай. Як ҷанг андохта бинанд, ҳамаи бедонаҳои хоссаро нагурезонад, ҳисоб не.
Аҳадхон ба Қорӣ як нигоҳи сард афканд, ки аз тарс дили Қорӣ таҳ зад. Ӯ ба чӣ ваҷҳ ин тавр нигоҳ кардани ҳокимро нафаҳмид, аммо ваҷҳ ин буд, ки «чарбӯ не, рагу пай» гуфтани ӯ ба нафси Аҳмадхон расида буд: наход, ки ӯ, яъне тӯра рагу пайро аз чарбӯ фарқ карда натавонад?

пешина
аз 471
навбатӣ