АХТАРОНИ АДАБ

Нигори нозанин, ман аҳли дардам,
Сарамро гар буранд, аз ту нагардам.
Сарамро гар буранд бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон кунам, гирди ту гардам.
– Ту байти бисёр медонӣ, Ризо? – пурсид Гулъизор.
– Бисёр не, –гуфт Ризо, – эҳтимол, ту аз ман бисёртар донӣ.
– Медонам, ки ба ту бой медиҳам. Хайр, майлаш, ту сар кун.
Байтбараки онҳо иборат буд аз ин ки байтро, кӣ бисёртар медонад. Гулъизор фикр карда истода ин мисраъҳоро хонд:
Себарга бигуфт: Дар замин сабза манам,
Бунафша бигуфт: Ҷавони пурғамза манам.
Садбарг бигуфт: Ту лофи беҳуда мазан,
Тоҷи сари ошиқони саргашта манам.
Ризо дар ҷавоб ин дубайтиро ба хотир овард:
Рӯзгорамро сияҳ кардию мегӯйӣ: шаб аст,
Ларзае бар ҷонам афкандию мегӯйӣ: таб аст.
Устухонам сӯхтӣ, хокистарам додӣ ба бод,
Хоки олам бар сарам резад ту мегӯйӣ: кам аст.
Гулъизор:
Эй қаландарбача, ин ҷо аз куҷо афтодаӣ?
Ё магар саргаштаӣ, дар мулки мо афтодаӣ?
Булбули бехонумони ошён гумкардаӣ?
Андалеби бенаво, ин ҷо чаро афтодаӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо