Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун аз худаш ранҷидани Восеъ ва Аноргулро, ба вай лаънат хондани онҳоро ба пеши назараш меовард, нафас дар гулӯяш мепечид. Охир, аз рӯйи ақидаву ахлоқи мардум, ишқ варзидан, «чашм ало кардан» ба духтари касе, ки туро ба даргоҳаш гирифта ҳамчун писари худаш тарбият менамояд, нокасӣ ва кӯрнамакӣ ҳисоб меёбад. Ба хонаи Гулъизорино баргаштанро Ризо тамоман номумкин дониста, ба хаёлаш ҳам намеовард, аммо хаёле, ки дили ӯро аз ҳама дардноктар мехарошид, ин буд, ки аз боиси ӯ Гулъизорро дар хона коҳиш хоҳанд кард.
Вай бо тани гарону сари тафсон бархоста, оҳиста– оҳиста қадам партофта равон шуд. Ба куҷо меравад, худаш ҳам намедонист...
Қосим худи ҳамон бегоҳ воқеаи таги чормағзро бо муҳобот ва кинояҳои талх ба Аноргул нақл кард.
– Духтарат аз ту пинҳонӣ ошиқу маъшуқӣ, қинғолабозӣ карда гаштааст–ку–таъна зад мардак. – Ё балки худат ба қинғолабозии ӯ рухсат дода бошӣ? Он адирии шумро домод мегирӣ магар?
Ин гуфтугӯ дар айвон мегузашт. Гулъизор дар даруни хона гирён нишаста буд, суханони амакашро мешунид.
Худро мисли касе, ки ба сараш як сатил оби хунук рехта бошанд, ҳис мекард.
Аноргул ба дилаш аз Гулъизор хафа шуд, аммо ба ҳар ҳол духтараш барояш азизтар аз он буд, ки вайро дар пеши амаки бетамизаш коҳиш кунад, хиҷолат диҳад.
– Ба ту гап ёфт шуд, хурсанд шав! – гуфта Аноргул дами Қосимро гардонд. – Ба бом баромада карнай мон, ҷор зан! Чӣ шудааст, охир? Инҳо ҳоло бачаанд, эҳтимол, шӯхию бозӣ карда бошанд. Ту даррав айб гирифтӣ? Шарм намедорӣ, ки дар шаъни бародарзодаат ҳамин хел гапҳои бемаза мезанӣ? Ман духтарамро аз ту беҳтар мешиносам, вай аз он духтароне нест, ки ту гумон кардаӣ. Кори айб чӣ, ноайб чӣ, худаш нағз медонад. Ман худам бо вай гап мезанам, ту ба ин кор қатӣ нашав.

пешина
аз 471
навбатӣ