АХТАРОНИ АДАБ

Шайх шод шуд, маро дуо карда пул ва чизи бисёре дод...
Баъдҳо баъзе одамони нуктасанҷ кампири мавҳумотпарастро масхара карда мегуфтанд, ки: «эй мӯдарози ақлкӯтоҳ, фиреб хӯрдаӣ! Соҳиби овозе, ки ту шабҳо аз пушти дарат ё бомат мешунидӣ, худи Саидасрор буд!»
Нақли кампир рост буд ё дурӯғ, ба ҳар ҳол Сурма завҷаи Саидасрор шуд ва то алвақт дар ҳарами ӯ мебошад.
Аз ҳамон вақт ин ҷониб бисёр мардуми атрофу акноф аз шайх рӯй гардонида, ӯро бад медидагӣ шуда монданд.
Аз ҳамин ваҷҳ Восеъ ҳам ӯро бад медид. Бо вуҷуди ин, аз рӯйи содагии деҳотиёнааш амонати Ашӯри марҳумро ба шайх супурда буд.
Вай ба шайхи фиребгар:
– Ба ҳарчӣ мункир шавед ҳам, ба ин чиз мункир нашавед, тақсир, аз Худо тарсед, охир одам ҳаққи як пиразани бекаси муштипарро хӯрда равад, магар аз ин ҳам сахттар гуноҳ мешавад? – гуфта, кӯшиш кард ӯро ба тавфиқ ва виҷдонашро ба ҷунбиш орад, аммо кӯшиши ӯ суде набахшид.
Шайх ба муридонаш – ҳамон муридоне, ки дар мадрасаи Ҳисор тангаҳои муздурии Восеъро ба яғмо бурда буданд, – фармуд, онҳо даъвогари мотгаштаи ҳуш аз сар паридаро зада–зада аз мазор берун карданд.
Восеи аламзадаи парешонҳол дар кӯю кӯчаҳои Балҷувон саргардон гашта он рӯзро ба шаб овард. Фикр мекард, ки куҷо равад, чӣ кунад, дарди худ киро гӯяд.
Агарчи ба худаш ҳеҷ хавфи даъвое аз ҷониби модари Ашӯр набуд, аммо ӯ ба ин ноинсофии дар ҳаққи кампири бенаво содиршуда ҳаргиз тан дода наметавонист. Ба худ қарор дод, ки аз қозӣ то ба ҳоким, нашавад – то ба худи амир равад ва доди кампирро аз бедодгар ситонад.
Шаб аспашро дар оғили равғангари шиносаш баста, худ дар меҳмонхонаи ӯ хоб кард ва пагоҳӣ дар қозихона ҳозир шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо