АХТАРОНИ АДАБ

Панҷ–шаш писарбача ва духтарбачагон дар ҷое аз назари доруға пинҳон хӯша чида, акнун бандҳои хӯшаашонро пуштора карда бо пайраҳаи пастхамӣ рӯ ба деҳа мерафтанд. Ҷобир аз баландӣ чашмаш ба онҳо ғалтида, дастёрҳояшро фармуд:
– Бидавед!
Ҷавонон фавран бархоста ба пастхамӣ сарозер шуданд; бачагон рӯ ба гурез оварданд, аммо дастёрҳо аз дунболашон расида бандҳои хӯшаи онҳоро як–як рабуда ба назди доруға оварданд. Бачаҳо гирёну нолон аз паси онҳо омаданд.
– Падарлаънатҳо, ман ба шумо нагуфтам, ки то отаву акаҳотон хироҷи ин ғалларо дода соф накунанд, ба хӯша чидан рухсат нест?! – Ҷобир қамчинро аз миёнаш кашида ба бачагон ҳайбат кард, онҳо гурехта пароканда шуданд.
Баъди як нафас зане дар хирман пайдо шуд, дар дасташ кӯдаки гирён ва аз пасаш боз ду тифл – писарбача ва духтарбачаи хурдсол, худаш бисёр лоғар, побараҳна, рӯяш зард ва пуроҷинг. Вай зани Нозим буд. Дар як ҳолати шӯридагӣ ба шавҳараш фарёд зад, ки:
– Ҳой мардак, ман ин сағираҳои гушнаро бо чӣ сер кунам? Дар хона як каф орд нест; пагоҳӣ ман таги суфраро афшонда аз орди чукрӣ дуто чапотӣ пухта инҳоро хӯрондам, дигар инҳо пагоҳ боз ҳеҷ чиз нахӯрдаанд, «оча, нон бидеҳ!» гуфта фарёд доранд. Наход, ки ту аз хирмани ҳалоли худат як тоқӣ гандум гирифта натавонӣ? Гирифта деҳ, ман лоақал ба сағираҳоят гандумҷӯшак пухта диҳам, охир!
Нозим бархоста ба тарафи доруға:
– Ҳой ноинсоф! – гуфт. – Муҳратро аз хирманам бардор, ман як ду тоқӣ ғалла гирифта ба занам диҳам! Охир, то кай ман ба амлокдори ту нигоҳ карда мешинам?!
– Муҳр муҳри подшоҳӣ аст, то амлокдор рухсат надиҳад, кандан мумкин нест, – гуфт доруға.
– Рӯт сиёҳ! – Нозим бо қаҳру ситеза як ду «муҳр»–ро аз болои хирманаш канда ҳаво дода, гандумро ба линга андохтан гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо