АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ «астағфируллоҳ» гуфта ҷӯши ғазабашро фурӯ нишонданӣ мешуд, аммо Ҷобир ба як тарзи ҷангталабона банди дасти ӯро маҳкам гирифта буд ва сар намедод.
Дар ҳамин вақт Нозим нохост ба пойи Ҷобир як лагади сахт зад, Ҷобир оринҷи Восеъро раҳо карда, ба сари Нозим қамчин кашида буд, ки ин дафъа Восеъ аз дасти ӯ дошт. Агар намедошт, яқинан косаи сари Нозим мекафид.
Доруға Нозимро гузошта бо Восеъ даст ба гиребон шуд.
Занозанами шадиде ба вуқӯъ пайваст; дуяшон ба болои коҳ ғелиданд. Гоҳ Ҷобир ҳарифро ба тагаш зер мекард ва гоҳ Восеъ ӯро. Дар як дам ҷомаҳои дуяшон ҳам пора–пора шуд. Дандони Ҷобир шикаста аз даҳонаш хун баромад, бинии Восеъ ҳам хуншор гашт. Даравгарон онҳоро аз ҳам ҷудо карданӣ мешуданд, аммо ҳарифони ғазабҷӯшгашта ва ҷунун ғалабакардаро ҷудо намудан осон набуд. Як даравгари ҷавон дасти Нозимро кушода партофт, он гоҳ Нозим ҳам бар сари доруға мушт кашид. Ҳамон дам дастёрҳои доруға ба Восеъ ва Нозим дарафтиданд, он гоҳ даравгарони ҷавон ва ду шарики вай ҳам тоқат карда натавониста ба мададгорони доруға ҳамлаовар шуданд.
Занозании тарафматараф авҷ гирифта рафт.
Агар дар ин вақт аз ҷониби деҳа як гурӯҳ саворон ҳозир намешуданд ва ҳозирони сари хирман дар байни он саворон амлокдорро шинохта аз занозанӣ боз намеистоданд, маълум набуд ин занозанӣ ба чӣ меанҷомид.
Амлокдор бо шаш навкари туфангдор ва боз якчанд ҳамроҳони дигараш омада буд. Ҳамроҳонаш Алайкбахшбои балҷувонӣ, амин ва арбоби деҳа буданд. Аз паси онҳо имом ва сӯфии масҷиди Дараи Мухтор, усто Муродалӣ – ҳам оҳангар, ҳам мисгар, ҳам дуредгару қадоқчии деҳа – барои кафсангирӣ харакӣ омада ҳозир гардиданд.
Доруға назди амлокдор сабаби ҷанҷолро баён ва Нозиму Восеъро айбдор кард.
– Ту боз нофармонӣ кардӣ? – ба Восеъ гуфт амлокдор.
– Порсол ҳам доруғаи маро зада будӣ, аммо ман раҳм карда ҷазо надода будамат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо