АХТАРОНИ АДАБ

Ҳуш аз сари деҳқонон парид ва ғиреве ҳам аз ҷигарашон бархост.
Нозими фалакзада бошад якбора поҳояш суст шуда ба замин нишаста монд.
Восеъ дар ҳолате, ки ба сутун баста шуда буд, ба деҳқонон фарёд зад:
– Ҳой халқ, тан надеҳ! Чашматро кушо! Инҳо ҳамаи моро аз гушнагӣ мекушанд!
Дар ҷавоби ин фарёд, вай аз навкарон якчанд қамчин ба пушташ хӯрд. Онҳо ба дигар деҳқонони ғавғокунанда ҳам дарафтида, қисмеро пароканда ва гурӯҳеро бо зарби қамчину қундоқи туфангҳо «ором» карданд.
Амлокдор, баъд аз он ки кафсани доруға, имом, сӯфӣ ва оҳангару дуредгар дода шуд, бақияи ғаллаи Нозимро бо «тарозуи» чашм аз будаш камтар карда, дар худи ҳамон ҷо ба Алайкбахшбои ғаллаҷаллоб ва судхӯр ҳар ман чордаҳ тангагӣ фурӯшонда, пулашро аз бой нақд гирифта ба қарзи соҳиби хирман шикаст.
Пул, албатта ба қарзи ӯ нарасид. Нозим боз саду ҳафтоду чанд танга қарздор шуда монд...
... Дар Ховалинг Восеъро дар бандихона ҳабс карда, ба пояш кунда андохтанд.
Бандихона дар даруни қалъачаи амлокдорнишин ба таги анбори ғалла воқеъ ва аз таҳхонаҳои заҳу торике иборат буд.
Одатан бандиҳо дар ин ҷо аз як рӯз–ду рӯз зиёд намеистоданд, Восеъ фардо ё пасфардо ба Балҷувон – ба ихтиёри ҳоким фиристода хоҳад шуд. Ҳоким ӯро ҳар чӣ кунад, хоҳ дар зиндон пӯсонад ва хоҳ ба Ҳисор фиристода кушонад – ихтиёраш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо