АХТАРОНИ АДАБ

Ушр, закот, қӯшпулӣ, танобпулӣ, коҳпулӣ, осиёпулӣ, мирона, амиронаро аз кӣ мегиранд? Ана, тақсир, арзи ман ҳамин аст.
Дар вақти саволу ҷавоби Восеъ бо ҳоким даҳ–дувоздаҳ нафар аспакӣ ва харакиҳо аз Сурхоб гузашта омада ба издиҳоми назди чойхона ҳамроҳ шуданд. Инҳо Нозим, Назир, Муллосафар, Қосим ва боз панҷ–шаш нафар дараимухториён буданд. Муллосафар он рӯзҳо ба ватанаш Сарихосор омада буд. Вай ва Назир ба воситаи Қосим аз ҳабси Восеъ хабардор шуда бо ҳамроҳии дӯстони дараимухтории Восеъ барои аз вай хабар гирифтан ва агар мумкин шавад, вайро ба кафолати худашон аз зиндон халос карда баровардан омада буданд... Онҳо Восеъро аз банд озод ва бо ҳоким дар сари гуфтугӯ дида ҳам шод шуданд ва ҳам ҳайрон монданд. Як нафар дараимухторӣ, ки аз аввал дар он ҷо ҳозир ва аспромкунии Восеъро дида буд, ба омадагон воқеаро нақл кард.
Гапи охирини Восеъ шӯре ва ҳаяҷоне дар дили издиҳоми халқ падид овард.
Нозим фарёд кашид ки:
– Рост мегӯйӣ! Ёдат бахайр, акаи Восеъ!
Назир бо овози ғулғуланоки худ наъра кашид:
– Дар забонат садқа, Восеи ҳақгӯй!
– Аз забони ҳамаи фақирон гап задӣ, Восеъ! – бонг зад як деҳқони ношинос.
Аз издиҳом боз ҳамин навъ хитобҳо, нидоҳои ҳаяҷономез ва шӯрангез баланд шудан гирифтанд. Мардуми аламзада гиреҳи дилҳои сӯзони худро во мекарданд, ғавғо менамуданд ва ҳатто баъзеҳо «Дод аз дасти золимон!» гуфта фарёд ҳам мезаданд.
Ҳоким аз болои асп бо чашмони нимпӯши хашмомез гоҳ ба ин ва гоҳ ба он соҳиби овоз нигоҳ мекард, гӯё мехост симоҳои ононро дар ёдаш нигоҳ дорад. Аспи гулибодомии ӯ ҷунбишҳои бесаброна карда пой бар замин мекӯфт – зоҳиран ҳолати руҳии соҳибашро, изтироби ботинии ӯро ҳис мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо