Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фаразан, Сино – бузургтарин симои тафаккури илмӣ-эҷодист, ки дучори таассубу хусуматҳо мешавад. Рӯдакӣ бузургтарин чеҳраи эҷодист, Фирдавсӣ – ҳамосасарои ҷаҳонӣ ва донандаи таърихи миллист ва Аҳмади Дониш
– мутафаккири ислоҳотгаро аст.
Рӯ овардан ба мавзӯъҳои таърихӣ, шахсиятҳо ва симоҳои таърихӣ на ба ҳар кас даст медиҳад. Ҳолати мазкур дар баробари истеъдод, маҳорат, қобилият, қареҳаи эҷодӣ, инчунин тавъам ба он дониш, тафаккури баланд, андешаи қавӣ, ҷустуҷӯву пажӯҳиш, ковишу қиёсро мехоҳад. Ғайр аз ин, падидаи мазкур табиист, ки натиҷагириҳову хулосабарориҳои амиқу муътамадро тақозо менамояд.
Ҷанбаҳои фарқкунандаи мавзӯи таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешаванд, ки тасвирҳо мустанад, воқеӣ, мушаххас, фаъол ва далелноканд. Аз ин рӯ, гаравидан ба мавзӯъҳои таърихӣ аз чандин ҷиҳат масъулият, истеъдоду дониш ва маҳорату ҷаҳонбинии серпаҳноро тақозо менамояд. Масалан, «Ривояти суғдӣ» далели қавии урфу одат, рӯзгору зиндагӣ, психологияву ҷаҳонбинии як қавми куҳантаъриху мутамаддин дар арсаи таърих мебошад. Агар онро нависандаи миллати дигар биофарад, ҳеҷ гоҳ дар чунин поя рӯйи кор намеомад.
Оид ба ҳофизаи таърихии шахсияти эҷодӣ ва таърихи бостонии миллат донишмандони маъруф академик М. Шакурӣ ва профессор Л. Демидчик қазовати зеринро раво дидаанд: «Сотим Улуғзода муҳимтарин давраҳои таърихи халқи қадимии худро аз назари таҳқиқ гузаронидааст. Ин таҳқиқи ӯ аз давраи ташаккули ҷамъияти феодалӣ, замони хуруҷи араб, аз асри У11 (дар «Ривояти суғдӣ») сар шуда, ба воситаи шахсияти Рӯдакӣ ва Ибни Сино (асрҳои Х – Х1 мелодӣ) замони ташаккули халқи тоҷик, забону адабиёт ва илму маданияти асримиёнагии вайро, ба воситаи нақши Темурмалик (асри Х111 мелодӣ) муборизаҳои қаҳрамононаи ӯро дар роҳи муҳофизати озодию истиқлоли миллии худ, ба воситаи бузургию ҳашамати Восеъ (асри Х1Х) қаҳру ғазаби ӯро бар зидди истисморгарони дохилӣ ва ба воситаи ҷустуҷӯйҳои маънавии Аҳмади Дониш («Алломаи Адҳам ва дигарон») ҷидду ҷаҳди вайро ба сӯйи умри дубора, ба сӯйи вусъатободи олами нав нишон дода, бо қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» фаро расидани умри дубора ва субҳи содиқи онро тасвир кард» [33, 436 - 446].

пешина
аз 471
навбатӣ