АХТАРОНИ АДАБ

Таҳлилу таҳқиқи насри таърихии Сотим Улуғзода, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ба аҳамияти калони илмӣ ва адабӣ молик аст, зеро он мавқеи нависандаро дар ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва масъулияти ватандории шаҳрвандон бозгӯ менамояд ва бо ҳамин дар адабиётшиносии тоҷик ҳиссаи арзанда ҳамроҳ менамояд.
Эҷодиёти Сотим Улуғзода ҳанӯз то Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мавриди таҳлилу таҳқиқ оғоз мегирад ва ҷолиб аст, ки аввалин мунаққидони эҷодиёти нависанда ба халқҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ мансуб буданд. С. Улуғзода то давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун намоишноманавис шинохта шуда буд ва соли 1941 ба муносибати Даҳаи санъати тоҷик, ки моҳи апрели соли 1941 дар Москва баргузор гардид, драмаи «Калтакдорони сурх» ба забони русӣ бо номи «Краснопалочники» тарҷума шуда дар Ленинград ба табъ расид ва мавриди муҳокимаи Д. Калм, К. Кулешов, М. Немченко ва А. Платонов барин мунаққидони соҳаи драматургияи рус қарор гирифт [164, 307-308].
Осори гуногунпаҳлуи Сотим Улуғзода, махсусан, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқиадабиётшиносон қарор гирифтааст. Аввалин мақолаҳое, ки баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ оид ба эҷодиёти нависанда навишта шудаанд, ба қалами Ҷ. Икромӣ [108], М. Лановская [127], П.
Лукнитский [130], М. Наҷмиддинов [157], Л. Н. Демидчик [93], И. С. Брагинский [75], С. Ш. Табаров [205], Ш. Ҳусейнзода [232], М. Муллоҷонов [145] тааллуқ доранд. Дар қисми II «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» [169] эҷодиёти нависанда то солҳои 50-уми садаи ХХ мавриди таҳқиқи муфассал қарор гирифта, дар драматургия ва насри бадеӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидани нависанда таъкид меёбад: «Вай (Сотим Улуғзода – С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё