АХТАРОНИ АДАБ

Дина дар Ховалинг нохост Бозорро зад, ба болои ман тохт, закотчии амирро кушт!
Санг зад, кушт! – Бек дар ин ҷойи суханаш чун дардгирифта ба худ печид, лабонаш ва рӯяш каҷу килеб гашт. Ӯ тафсили воқеаро гуфт, сангандозии халқи шӯридаро нақл кард. Аз ҳар суханаш аламу ҳасрат садо медод...
– Ҷаноби олӣ кушта шудани закотчиашонро шунаванд, албатта, ба ман ғазаб мекунанд. Хонаам месӯзад, ҳоҷӣ, гӯед чӣ кор кунам? Ба амир чӣ нависам? Ба шӯру балвои фуқаро чӣ ваҷҳ гӯям? Ба Остонақул қушбегӣ чӣ хел арздошт кунам?..
Ҳоҷидомулло ангушт ба дандон газида, сари таҳайюр ва таассуф меҷунбонид. Баъд вай бо суханони пандомезе,
– аз қабили ин ки дар мамлакатдорӣ ин хел ҳодисаҳо мешаванд ва ҳокимро дар ин хел вақтҳо саросема шудан, сари калоба гум кардан нашояд, балки ӯ бояд бо тадбири ақл илоҷи ҳаводисро карда осоиши вилоятро барқарор намояд, – бекро таскин доданӣ шуд.
– Дар номае, ки ба доруламора мефиристед, ҳама айбро ба гардани се–чор нафар дузду авбошу қотил мезанед, – дӯстона маслиҳат дод мударрис. – Шӯру балвои фуқароро нанависед, ки мабодо ҷаноби олӣ муфаттиш фиристода бозпурс ва таҳқиқ нафармоянд, зеро агар таҳқиқ фармоянд, бими он ҳаст, ки ба шӯру балвои фуқаро шуморо айбдор кунанд. Восеъро дастгир мекардагистед, албатта?
– Набошад–чӣ! Давлат–қаравулбегиро мефармоям, худи ҳамин рӯз баромада он ёғиҳои баттолро таъқиб кунаду аз таги замин ҳам бошад, онҳоро ёфта оварад. Ман то Восеъро бо ҳамаи ёронаш ба даст афтонда, рӯзи бозор дар
1 пеши чашми халқ мусла кунонда, чашмҳошонро кобонда ба дор накашонам, намемонам!
– Иншоаллоҳ, он дуздон ва қотилон дастгир шуда ба ҷазои сазовор мерасанд, аммо маслиҳат ин ки шумо ҳоли
Мусла – буридани гӯш ва бинӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо