Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳамин тавр мегӯянд.
– Шаб ба Чорбоғ чӣ вақтӣ бармегардад?
– Бегоҳӣ.
– Бегоҳӣ – яъне чӣ вақтӣ? Вақти паропари офтоб? Ё пештар? Ё ки дертар?
– Гоҳ пештар, гоҳ дертар.
– Дар Чорбоғ одами таъин дорӣ?
– Не. Лозим шавад, аз чӯпонҳо, подабонҳо ё дигар одамони раҳакӣ мепурсам.
– Аз онҳо чиро пурсида фаҳмидӣ? Оё ту ба ман гуфта метавонӣ, ки парершаб ва дина шаб мингбошӣ дар кадом вақт ба Чорбоғ баргашт? Вақти намози дигар? Намози шом? Ё вақти хуфтан?
– Чӣ фарқ дорад, акаи Восеъ, дар намози шом бошад ё хуфтан?
– Фарқашро ҳозир мефаҳмӣ. – Восеъ баъд аз таом дасташро ба мӯкиаш пок карда, об нӯшида, суханашро давом дод: – Ҳоким, албатта, аз Кулӯх мингбошӣ норозӣ аст, чунки мингбошӣ аз уҳдаи кор набаромада истодааст – вай то ин вақт на маро дастгир карда тавонист, на ту ва на Назирро. Чӣ хел ҳам дастгир мекард? Фақирон ҳама бадхоҳи ӯ, дар ҳар ҷо агар тавонанд сангаш мезананд. Ҳоким дер нигоҳ карда намеистад, ё Давлат, ё Оллоёр, ё ки якбора ҳар дуи инҳоро ба болои мо мебарорад. Модом, ки ҳамин тавр бошад, мо ҳозир чӣ кор карданамон лозим? Ту чӣ мегӯйӣ?
– Аз ҳуҷуми онҳо пештар худи мо ба Балҷувон ҳуҷум кунем магар?
– Дуруст. Аммо аввал Кулӯх мингбоширо яктарафа кардан лозим. Ӯ ба пойи мо ишкел шуда истодааст.
– Ин гапат маъқул, акаи Восеъ.
– Ба фикри ту, мо ӯро чӣ тавр шикаст дода метавонем?
– Шикаст додан... чӣ хел мешуд? Магар ин ки ба Чорбоғ шабохун занем?
– Мингбошӣ шаб ба атрофи Чорбоғ қаровулҳо мемонад.

пешина
аз 471
навбатӣ