Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

нағмаҳои ғалатии ӯро ба хотир меоранд. Ҳоло нигоҳ карда истед, ин бачаи шум, албатта, ягон шӯхӣ, ягон нағмаи наве бароварда мардумро механдонад. Воқеан ҳам, Ризо баъди як дам чӯби дарозе ба даст дар боми масҷид намудор гашт. Ба лаби бом хобида чӯбашро ба поён ба тарафи домуллои пир, ки шогирдонашро ба сабақхонӣ андохта худаш аз хастагӣ пинак рафта буд, дароз карда, бо нӯги чӯб оҳиста ришу бурути ӯро кофт, биниашро хорид. Домулло атса зада чашмони хастаи обравашро кушод. Бачагон Ризои шумро дар болои бом дида истода бошанд ҳам, дам намезаданд: тамошои ҳоли домуллояшон шавқангез ва хандаовар буд, ӯ дар ҳолати пинак ба рӯву манаҳи худ шаппотӣ зада, пашшаи хаёлиро куштанӣ мешуд... Фурсате баъд Ризои аз бом ғайбзада дар баландии сари чашма пайдо гардид. Занони ба об омада кӯзаву қумғонҳошонро як сӯ гузошта, мисли селаи ким–чӣ гуна мурғони калони даштӣ ғуч нишаста, саргарми чақчақу ғайбат буданд, ногаҳон аз боло санги калоне бо шиддат ба ҳавзи таги чашма ғалтида, обро ба болои занон пош дод. «Села» бо қий чув якбора пароканда гардиду занони таршуда Ризоро дар баландӣ дида, забон ба дашному нафрини ӯ кушоданд.
Ризо даррав аз он ҷо ҳам ғайб зад...


Он марди ришсиёҳи бокитфубозу, ки назди устохонаи дуредгарӣ истода ҷувозкундаи навро бо диққат аз назар мегузаронд, Восеъ буд. Ҷувозкундаи тайёрро ӯ бо ёрии ду марди дигар ғелонда–ғелонда бурд.
– Оҳистатар, оҳистатар биғелонед! Нозим, ту андак– андак бардошта биғелон, ки харош нахӯрад, ё мабодо ба санг хӯрда ягон ҷояш накафад! – ҳамроҳонашро огоҳ мекард Восеъ. Вале зоҳиран огоҳонидани ӯ суд намебахшид, , ҳамроҳон ҷувозкундаи вазнинро муддаои табъи вай намеғелонданд.
– Хайр, ҳуй кунед, – хоҳиш кард ӯ. – Як тараф истед!

пешина
аз 471
навбатӣ