АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Он рӯзро халқи кӯҳистони Балҷувон рӯзи ғазот номид.
Баъдҳо мардум солиёни дароз вақтро аз ҳамон рӯз шумор гирифта, санаи воқеаҳои ҳаёташонро муайян хоҳанд кард...
Субҳи содиқ дамида буд. Дар дуродур кӯҳи Чилдухтарон – кӯҳи қалъамонанди қасрнаво, кунгурадор, бурҷу борадор, ҳамчун тавораи баланду сиёҳе, як пораи калони уфуқро панаҳ мекунад. Офтоб ҳанӯз аз пушти он тавораи табиӣ рухи сӯзони худро нанамуда, фақат домани ховарии фалакро андаке рангин кардааст. Чеҳраи осмон хира, қаҳролуд. Кӯҳҳои дури атроф ба назар мисли сояҳои ким– кадом ҳайвонҳои бузургпайкаре менамоянд, ки бар рӯйи қулзуми рахшони уфуқ афтода бошанд. Қабат–қабат талҳои ба ҳам часпида галаи зичи филон, уштурон, говони хобидаро мемонанд, ки инак ҳамин замон бо тулӯи офтоб ба по хеста, ҳамаро пахшу помол карда ба сӯйи обхӯраву чарогоҳҳои худ ҳаракат менамоянд. Сукути саҳаргоҳӣ гӯё омехтаи ким–чӣ гуна қаҳру ситезест ва дар ин сукут ғавғои якзайлии наҳру шаршараҳои кӯҳистон ҳамчун садои шӯру ғазабе ба гӯш мерасад. Ин пагоҳ дар ҳавои тирагун фароштурукҳо, гунҷишкҳои саҳархез ҳам гӯё бо шитобу ҷадали бештаре парафшонӣ мекунад ва чаҳ–чаҳи онҳо як навъ хатаромез ба гӯш мерасад.
Дар тори Сурсақова тарошаҳои гулхани шабона ҳанӯз месӯзанд. Дигар гулханҳои хурд–хурди тамоми шаб даргирифтаи шӯришгарон ҳам дар бару домани кӯҳ, гирду пеши деҳа ва дар бағали дараи зери деҳа ҳанӯз дуд мекунанд...
Издиҳоми шӯришгарон аз фарозу нишеб ба дара сарозер мешавад. Онҳо аз қафои саркардаи савори худ бо шитобу ҷадал мераванд. Саркарда саллаи сурх бар сар, чакмани сафед дар тан, шамшер дар миён, пешопеши дастаи саворон асп меронад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо