АХТАРОНИ АДАБ

«Язнаат метарсид, ки одамони ту ӯро бо зӯрӣ ба ғазо мебаранд, номард гурехт, пинҳон шуд. Маро дар пеши мардум шарманда кард, рӯсиёҳ кард. Занон:
шӯҳои мо ба ғазо мераванд, шӯйи ту куҷост? Эҳтимол, худи ту ӯро пинҳон карда бошӣ! – гуфта ба ман таъна зада истодаанд. Ту фармой, ӯро кофта ёбанд». Восеъ ба деҳқонон фармуда буд, ки Сангалиро, агар дар ягон ҷо дида монанд, ба наздаш биёранд.
Ҳозир шӯришгарон ба Восеъ ва Сангалӣ назари кунҷковӣ дӯхта буданд – мехостанд бубинанд, ки саркардаашон, мирашон бо язнаи худ чӣ муомилае мекарда бошад.
Восеъ ба вай нафратомез нигоҳ карда истода пурсид:
– Тарсидӣ?
– Ҳо, тарсидам, – бо рӯйнатании ситезаомез гуфт Сангалӣ. – Чаро натарсам, ки сари ту ҳавои мирӣ гирифтааст, хуни фақирон ба ту арзон шудааст. Охир, ту ғазо гуфта, халқонро ба мурдан бурда истодаӣ! Ҳокиму амир лашкар доранд, тӯпу туфанг доранд, ту чӣ дорӣ? Таёқ! Лашкарат ку? Лашкарат ҳамин бечораҳои сарлучу пойлучанд? Аз дасти инҳо чӣ меояд? Ба Худо, ки ту сари инҳоро ҳам, сари худатро ҳам барбод медиҳӣ!..
Восеъ офтобаи сафолинро, ки дар он Ризо барояш оби чашма оварда буд, дар дасташ нигоҳ медошт, ки об нӯшад, баъди шунидани суханони фитнаангези язнааш офтобаро ба замин гузошт. Дар пешонааш ду чини ғафс ҷаста баромад.
– Ман ба ту ҷавоб мегӯям, шунав! – гуфт ӯ бо овози баландтар, то ки дигарон ҳам шунаванд. – Гапҳои хом задӣ, Сангалӣ, бефаҳмита нишон додӣ! Ман мегӯям, аввал ин ки мақсади ман мир шудан нест. Фақирон маро мири ғазот, мири ҷанг хостанд. Агар Худо хоҳаду мо Балҷувонро бигирем, мири зардро аз Афғонистон фарёд мекунем, ки биёяд, дар қалъаи худаш шинад, халқонро сардорӣ карда манғитро аз ин диёр ронад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо