АХТАРОНИ АДАБ

бароварда ба болои харсанги калон баромада, ба шӯришгарон хитоб кард:
«Мусулмонон! Фақирон! Сарлашкари фақирон, шӯришгарон – Восеъ аст! Мо Восеъро мир хостем! Шумо ба ин чӣ мегӯед?» Мардум якбора ҳаёҳу, шӯру ғавғо андохта, таёқҳоро ба болои сарашон бардошта, гапи Назирро қувват доданд, тасдиқ карданд. «Омин, Аллоҳу акбар!
– даст ба рӯй кашид, Назир. Ҳама ба ӯ пайравӣ карданд. – Мир Мирзоакрами мирохӯр бекор! Аз ҳамин рӯз эътиборан мири мо Восеъ аст!»–Инро гуфта, Назир чакманро ба Восеъ пӯшонд, футаро ба миёнаш баст, шамшерро ба фута ҳамоил кард. «Мир?–ба дилаш хандида мегуфт Восеъ.
– Худоё, тавба! Мири ҷувозкаш, хоркашу хокпош!.. Аҷаб коре кард ин Назир!..»
Агар ин кори Назир додархондаашро мутааҷҷиб карда бошад, рафтори баъдинааш ӯро хушҳол ва миннатдор кард, меҳри бародархондаро дар дилаш афзун кард. Дар меҳмонхонаи яке аз бошандагони деҳаи Сурсақова дуяшон нишаста чақ–чақ карданд.
«Аёлат, бачаҳот ҳоло ҳам дар Қарамушаканд? Аҳволашон чӣ тавр?»
«Хабар надорам, фурсати хабар гирифтан набуд».
«Пазмон нашудӣ?»
«Чӣ илоҷ бародар».
«Аноргул зани хуб аст. Оқила, боҳаё, меҳрубон. Шукр кун, ки толеат аз зан баланд будааст, додар. Кошки ман ҳам зане медоштам, ки лоақал андак ба Аноргул монанд мебуд. Ёд дорӣ, соле ки дуятон аз Дарвоз гуреза шуда будед, дар Шаҳидон вай чӣ хел туро аз банд халос кард–а!»
«Агар ту мадад намерасондӣ, дар пеши амлокдору қозӣ далолат намекардӣ, ҳоли мо мушкил буд».
«Ту аз Аноргул миннатдор бош. Вай аз падараш ҳам, аз амалдорон, сарбозон ҳам натарсида ба домани ту часпид, фарёд зад, туро халос кард».
«Маро дуятон халос кардед».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо