АХТАРОНИ АДАБ

– Чӣ гуфтӣ? Ҳоло ту маро саг гуфтӣ?! – таҳдидомез шӯрид доруға.
– Саги газанда гуфтам. Саги газандаро санг мезананд, – ҷавоб дод Восеъ.
Ҷобир, чашмони тухми харбузамонандаш аз хуни ғазаб сурх гашта, як қамчини базарбае ба сари Восеъ фуровард, дар сари ӯ фавран варам ҷаста баромад.
Ӯ бехудона ба савор дарафтод ва ӯро аз болои зин кашида ғалтонда ба тагаш зер карда задан гирифт. То одамон онҳоро аз ҳам ҷудо карданд, ки Ҷобир аз зарби мушти гарони ҷувозкашонаи Восеъ тамом шалпар шуда буд.
Рӯзи дигар ду навкари амлокдор бо чӯбдастҳои дарозашон омада Восеъро ба амлокдорхонаи Ховалинг ҳай карда бурданд.
Амлокдорхона–қалъачае девораш аз гилу санг, ба баландии якуним қади одам, дар масофаи тақрибан ним фарсанг аз Дараи Мухтор ба канори шаҳраки Ховалинг, дар баландии соҳили чапи Обимазор воқеъ шудааст.
Восеъро вақте ба он ҷо дароварданд, ки амлокдор, марди тануманди камриши парзадарӯ, аз мирзохона бо ҳамроҳии мирзои дарози қоқи худ баромада истода буд. Аз ким–куҷо Ҷобири доруға ҳам ҳозир гардид. Чашми рости ӯ варам карда, кабуд гашта буд. Амлокдор носи даҳонашро ба замин туф карду ба Восеъ нигариста, бе қаҳру итоб пурсид:
– Чӣ гап шуд, Восеъ, доруғаро барои чӣ задӣ? – ӯ худаш як нафар бойи ховалингӣ буда Восеи ҷувозкаш писари Шакар баҳодурро мешинохт.
– Аз худаш пурсед, – ба тарафи Ҷобир ишора карда ҷавоб дод Восеъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё