Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пагоҳӣ пеш аз ношто вай ба Боғи мир саворӣ намуд.
Ҳамроҳаш Назир ва Нозим рафтанд. Одина ва Юсуф Саидалиро ҳабси «боғӣ» карда нигоҳ дошта будаанд. Онҳо Восеъро дар дами дарвозаи боғ истиқбол намуданд.
– Саидалӣ ба болои мо тохт, чизу моли толон кардаашро ба аспҳо бор карда гурехтанӣ шуд, мо гардондемаш.
Дар занозанӣ чор одами ӯ маиб шуданд, – маълум кард Одина.
Одамони вай дарвозаҳоро кушоданд, Восеъ аввалин бор дохили Боғи мир гардид. Бас дилкушову босафо чорбоғе дид, ки касро ба фароғату роҳат моил менамуд. Дар фарози ҳамвори кӯҳ ва нишебии он як бист таноб ҷойро бо девори баланди сангин иҳота намуда, токзору мевазорҳо, гулистонҳо, суфаю сарҳавзҳо сохта буданд.
Мақомгоҳи мир кӯшки сафеди ойинакорӣ, шипанг ва айвонҳои нақшин дошт. Бӯйи диловези гули садбаргу райҳон машомро муаттар менамуд, ба ҷон ҳаловат мебахшид. Хониши булбулон рӯҳнавоз, оби зулоли чашмасор бо миллаҳои сафолин ва новадонҳои чӯбин ба ҳар ҷониб равон буд. Сайри насими фараҳбахши кӯҳсорон сафо ва таровати ҳавои чорбоғро афзунтар менамуд. Мирон соле ду бор– се бор аҳолии калонсоли ҳар як амлокдориро ба навбат ба ин ҷо оварда кор мефармуданд, сангу рег мекашонданд, деворҳо ва иморатҳо, роҳу пайраҳаҳо, ҷӯйҳоро таъмир мекунонданд.
Саидалӣ бо як гурӯҳ одамонаш дар сари ҳавзи калон нишаста буд. Сари баъзешон бо рӯймолҳои чиркин бастагӣ, куртаю ҷомаҳои аксарашон даридагӣ буд; ба намуд ҳамаашон як ҳоли табоҳ ва раҳмангезе доштанд, ки ба он ҳама шукуфонӣ ва хуррамии чорбоғ ҳеҷ мувофиқат намекард. Ин одамҳо қисман хешони худи Саидалӣ, қисман шарикони дуздӣ ва роҳзании пештараи ӯ буданд. дар Ёхсу ва ҷоҳои дигар. Бо пайдо шудани Восеъ ҳеҷ кас аз ҷо наҷунбид ва ба вай эътиное накард.

пешина
аз 471
навбатӣ