Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ ба ҳисоб гирифтани чизҳои ғораткардаи Саидалӣ ва дигар ашёи боқимондаи Боғи мирро ба Назир супурда, худ бо Нозим ва ҳамроҳони дигараш пиёда чорбоғро давр зад, ҳавлиҳои даруну беруни ҳокимро даромада дид. Дар ҳавлии дарун вай ба ду хизматгори бек –марди кӯҳансол ва ҷавоне вохӯрд; ҷавонро зуд шинохт – вай Ниёз буд, ки дар он ҷо бо зани бемори тағоияш монда буд.
– Ниёзҷон! Саломалайкум! – Восеъ аз ин мулоқоти ғайри чашмдошт бо ошнои сафари Қаршии худ хушнуд гардид. Дуяшон вохӯрдии бағалкаш карданд. – Ниёз, ана, ҳамин аст, ман ба шумо нақли ӯро карда будам, – гуфта, вай ошнояшро ба Нозим, Қосим ва дигар ҳамроҳони худ шиносонд. Онҳо ҳам бо ҷавон вохӯрдӣ карданд. Шарики Ниёз–марди солхӯрда аз пайдо шудани Восеъ тарсида буд, аммо акнун бо Ниёз ин тавр муомила кардани ӯро дида осуда шуд; вай тамаллуқкорона табассум карда дандонҳои ягон–ягони худро нишон медод.
Ниёз хафа ва парешонҳол менамуд. Сабаби парешонҳолии ӯ албатта, ҷанг, гурезогурез, ғоратгарии Саидалӣ буд, Восеъ инро фаҳмид.
– Хафа нашав, Ниёзҷон, – тасаллӣ доданӣ шуд ӯро Восеъ, – тақдир ҳамин будааст, ҳама кор аз гардиши фалак аст... Хуб, сиҳат саломат ҳастӣ? Биё, камтар шинем, пурсу пос кунем.
Ҳамаашон дар суфаи саҳни ҳавлӣ нишастанд.
– Ёд дорӣ, Ниёзҷон, – суханашро давом дод Восеъ, – ту дар Қаршӣ ба ман гуфта будӣ, ки кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад? Ба Худо, ки рост гуфта будӣ.
Вай Ниёзро самимона дӯст дошта буд. Дар ин якуним соле, ки аз вақти хайрбод кардани дуяшон дар Қаршӣ гузашта буд, Восеъ гоҳ–гоҳ ӯро ба некӣ ёд мекард. Охир, дар он мусофирати душвори пур аз хорию зорӣ магар Ниёз мӯниси ӯ набуд? Қадри он дилбардорӣ ва он некиеро, ки Ниёзи покдил ва меҳрубон ба вақти дилшикастагӣ ва навмедии Восеъ кард, фақат касе медонад, ки боре азобу кулфати ғарибиро кашида бошад.

пешина
аз 471
навбатӣ